Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия шароити вуруди донишҷӯёни хориҷиро эълон кард


Донишгоҳи Самара, комиссияи қабули донишҷӯён
Донишгоҳи Самара, комиссияи қабули донишҷӯён

Вазорати маорифи Русия гуфт, барои сафари донишҷӯёни хориҷӣ ба ин кишвар дар шароити пандемия телефони бовариро фаъол кардааст. Тавассути он донишҷӯён метавонанд оиди шарту шароити сафар маълумот бигиранд. Соли хониш дар мактабҳои олии Русия аз 1-уми сентябр шурӯъ мешавад ва бинобар иттилои идораи Россотрудничество, феълан донишҷӯёни 50 кишвар иҷозати омадан ба Русияро доранд. Талаботи умумӣ ин аст, ки донишҷӯён бояд ду дафъа, як борм пеш аз вуруд ПСР-тести надоштани коронавирусро супоранд ва ҳам баъди ворид шудан ба кишвар ҳам айни чунин санҷишро дошта бошанд. То маълум шудани натиҷаи он, донишҷӯ бояд дар хона бимонад ва дар дарсҳо онлайнӣ иштирок кунад. Мақомоти рус мегӯянд, аксари донишҷӯёни хориҷӣ ба ин кишвар аз Тоҷикистон меоянд.

XS
SM
MD
LG