Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи панҷуми ҳамлаи неруҳои давлати Афғонистон ба Толибон


3 август, нирӯҳои вижаи Афғонистон ҳангоми амалиёт дар Лашкаргоҳ
3 август, нирӯҳои вижаи Афғонистон ҳангоми амалиёт дар Лашкаргоҳ

Рӯзи панҷуми август Нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ҳамлаҳоро ба мавқеъи Толибон дар ҷануби Афғонистон аз сар гирифтанд. Дар ҳамин ҳол Толибон дар шимоли Афғонистон боз чандин минтақаи дигарро ишғол кардаанд. Вазорати мудофиаи Афғонистон изҳор намудааст, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ дар саросари Афғонистон, аз ҷумла вилояти Ҳилманд ҷой доштанд. Толибон талош доранд маркази вилояти Ҳилманд - шаҳри Лашкаргоҳро зери назорат гиранд. Хабаргузории Рейтерс аз қавли фармондеҳони Толибон овардааст, ки ин ҷунбиши исломӣ мехоҳад фурудгоҳҳои шаҳрҳои Ҳирот ва Қандаҳорро ба даст дароварда, сипас ҳамлаҳо ба шаҳрҳои дигари Афғонистонро оғоз кунад. Пеш аз оғози ҳамлаҳои ҳавоӣ артиши Афғонистон аз сокинони Лашкаргоҳ талаб кард, ки аз шаҳр берун шаванд.

XS
SM
MD
LG