Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонандагони синфҳои якум аз ҳафтаи оянда барои даҳ руз ба мактаб мераванд


Даромадгоҳи мактаби миёнае дар Душанбе
Даромадгоҳи мактаби миёнае дар Душанбе

Вазорати маорифи Тоҷикистон эълон кард, ки имсол хонандагони синфҳои якум барои гузаштан аз давраи мутобиқшавӣ аз 9-уми август ба мактаб мераванд. Ин давра то 20-ми август идома карда, сипас онҳо ба мисли хонандагони дигар аз 1-уми сентябр ба таҳсил шурӯъ хоҳанд кард. Ба гуфтаи масъулони вазорат, ҳар сол барномаи омодашавӣ ба мактаб 1-уми август оғоз меёфт, вале имсол бо дарназардошти пандемияи коронавирус ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм тасмим гирифт, ки санаро тағйир бидиҳад. Соли гузашта бинобар он ки хонандагон дар пайи хуруҷи коронавирус барвақттар ба таътили тобистона рухсат шуданд, занги аввал дар мактабҳо 17-уми август садо дод.

XS
SM
MD
LG