Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ҳамсари Навалний иҷозаи мулоқоти серӯза бо шавҳараш доданд


Юлия Навалная дар яке аз таҷаммӯъҳои маркази Маскав, ки ба пуштибонии ҳамсараш ташкил шудааст. Апрели соли 2021
Юлия Навалная дар яке аз таҷаммӯъҳои маркази Маскав, ки ба пуштибонии ҳамсараш ташкил шудааст. Апрели соли 2021

Ҳамсари мунаққиди Кремлин Алексей Навалний ахиран дар як мулоқоти “тӯлонӣ” тавонист бо шавҳараш дидор кунад. Дар як изҳороти 5-уми авуст, ки дар Инстаграм нашр шуд, Навалний ва ҳамсараш дар ҳолати хушӣ дида мешаванд. Навалний инак панҷ моҳ аст, ки дар зиндони шаҳри Покров дар 100-километрии шаҳри Маскав қарор дорад. Навалний навиштааст, ки ҳамроҳ бо ҳамсараш “як шоми берунишаҳрӣ таҳия карда”, аз ин чиз хеле хушҳол аст. Юлия Навалная, ки се шабонарӯз дар назди шавҳараш буд, дар Инстаграм гуфт, ки баъди 24 рӯзи гуруснанишинии моҳи апрел ҳамсараш лоғар, офтобхӯрда ва хушҳол менамояд.

Навалний, ки як мунаққиди шадидлаҳни президенти Русия Владимир Путин мебошад, аз рӯи парвандаи соли 2014 мӯҳлати 2,5 соли зиндонро пуштисар мекунад. Ӯро моҳи январ баробари бозгашташ аз Олмон боздошт карданд. Дар ин кишвари аврупоӣ Навалний осори заҳролудшавӣ аз заҳри навъи низомиро табобат кард, ки ба гуфтаи худи ӯ, бо амри Кремлин шудааст, вале мақомоти Русия инро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG