Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарс ва тасаллӣ: ваксинзании мардум дар Бадахшон чӣ гуна мегузарад?


Дар Тоҷикистон аз AstraZeneca, Moderna ва ваксинаи чинӣ истифода мекунанд

Баъзе аз сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯянд, ду моҳ пеш вояи аввали ваксинаи AstraZeneca-ро гирифтанд ва аз он вақт инҷониб наметавонанд, вояи дувумро бигиранд.

Ба гуфтаи онҳо, ин навъи ваксина дар вилоят тамом шудааст. Раёсати тандурустии Бадахшон итминон медиҳад, ки миқдори навбатии ваксинаи AstraZeneca дар ояндаи наздик дастрас мешавад ва ваксиназанӣ идома хоҳад кард.

Вояҳои маҳдуди ваксина

Гулсара Ақдодова, сокини ҳафтодсолаи шаҳри Хоруғ, яке аз онҳоест, ки бинобар синну сол ва доштани бемориҳои музмин, аввалин шуда ваксинаи AstraZeneca гирифт. “Ду моҳ пеш вояи аввалро гирифтам. Гуфтанд, номи мо дар рӯйхат ҳаст ва пас аз расидани дору моро дигарбора ваксин мезананд”, -- мегӯяд ин зани солхӯрда.

Ба гуфтаи вай, хешовандонаш дар Маскав телефонӣ ба ӯ гуфтаанд, ки ин равиш аҷиб аст, зеро дар байни вояи аввал ва дувуми ваксина фосилаи 20 рӯз мавҷуд аст. Зан метарсад, ки фосилаи тӯлонии байни ваксинаҳои якум ва дуюм метавонад, самарабахшии кам дошта бошад.

Фосила байни ваксинаҳо

Аммо, ба гуфтаи коршиносон, фосилаи ҳадди ақал байни ваксинаҳо 21 рӯз аст. "Шумо метавонед, пас аз ин давра вояи дувум гиред, аммо фосила метавонад ҳатто шаш моҳ бошад. Беҳтар аст, ки ваксинаи дуюмро дар 1-2 моҳ гузаронед”, - шарҳ дод Абдулло Давлатов, пизишки тоҷики муқими Маскав.

Гузашта аз ин, тибқи як тадқиқоте, ки дар маҷаллаи тиббии The Lancet нашр шудааст, самарабахшии вояи дуюми ваксинаи AstraZeneca, пас аз 12 ҳафтаи вояи аввал, 81,3% афзоиш ёфтааст. Ин натиҷа як қатор кишварҳои Аврупоро водор кард, ки фосилаи ваксинаҳои худро тағйир диҳанд.

“Вақте мунтазири вояи дувум мемонӣ”

Ёдгор Файзов
Ёдгор Файзов

Раванди эмгузаронии оммавӣ ба зидди коронавирус дар ВМКБ пас аз он ки 50 ҳазор вояи ваксинаи “Модерна” дар охири моҳи июл ба минтақа ворид карда шуд, идома ёфт. Дар ҷаласаи навбатии ситод дар мавриди пешгирии паҳншавии COVID-19, раиси вилоят Ёдгор Файзов гуфт, пеш аз ҳама табибон, пиронсолон, инчунин кормандони савдо ва хидматрасонӣ ваксин зада мешаванд.

Вай гуфт, қаблан бо кумаки Вазорати тандурустӣ ба минтақа беш аз 5 ҳазор вояи ваксинаи AstraZeneca оварда шуда буд. Дар марҳилаи аввал одамони синнашон аз 60-сола боло ва кормандони тиб ваксин зада шуданд. Файзов нагуфт, ки оё миқдори навбатии навбатии ваксинаи мушобеҳ ба минтақа оварда мешавад ё на.

Сардори Раёсати тандурустии ВМКБ Фарид Музаффаров дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзҳои наздик бояд ба минтақа 5500 вояи дигари ваксинаи AstraZeneca оварда шавад. "Ин миқдор барои онҳое пешбинӣ шудааст, ки аллакай вояи аввалро гирифтаанд", - гуфт Музаффаров.

Омехта кардани ваксинаҳо тавсия дода намешавад

Тибқи иттилои як манбаи Радиои Озодӣ аз Раёсати тандурустии ВМКБ, онҳое, ки вояи аввали ваксинаи AstraZeneca -ро гирифтаанд, барои гирифтани вояи дувум аз ваксинаи Moderna муроҷиат кардаанд. "Аммо чунин дархостҳо рад карда мешаванд, зеро онҳо метавонанд хатарнок бошанд", -- мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Қаблан Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар мусоҳиба бо “Asia-Plus” гуфта буд, омехтани ягон намуди ваксинаҳоро тавсия намедиҳанд. Ин танҳо ҳамчун пасваксинзанӣ (ревакцинация) пас аз 6-12 моҳ қобили қабул аст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG