Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон таҳдид кардаанд, ки "интиқом" мегиранд. Мардум аз сулҳ мегӯянд


Ҳазорҳо нафар бо нишони пуштибонӣ аз артиш дар кӯчаву хиёбонҳои чандин шаҳру минтақаи Афғонистон бо нидоҳои “Аллоҳу Акбар!” таҷаммӯъ карданд

Толибон дар идомаи мубориза барои зери назорат гирифтани шаҳру минтақаҳои бештари Афғонистон, таҳдид кардаанд, ки намояндагони ҳукуматро ҳадаф қарор медиҳанд.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯйи Толибон, рӯзи 4-уми август дар як изҳорот тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ҳамла ба қароргоҳи Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, сарпарасти Вазорати мудофиаи Афғонистон, "оғози амалиёти қассосгирӣ ба зидди доираву раҳбарони маъмурияти Кобул аст, ки ба ҳамлаву бомбгузории гӯшаҳои гуногуни кишвар амр медоданд."

Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ дар наворе гуфт, ӯ ва аъзои оилааш осеб надидаанд
Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ дар наворе гуфт, ӯ ва аъзои оилааш осеб надидаанд

Як сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфт, дар натиҷаи ҳамла ба манзили зисти Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ 8 фарди мулкӣ ба ҳалокат расида, 20 тани дигар маҷруҳ шуданд. Ӯ афзуд, ҳамаи силоҳбадастоне, ки ба манзили Муҳаммадӣ ворид шуда буданд, ба қатл расидаанд.

Толибон мегӯянд, ҳамлаҳо дар Кобул ҷавоб ба афзоиши ҳамлаҳои ҳавоии ҳукумати Афғонистон ва низомиёни Амрико аст.

Мавъиза ба ҷойи мусиқӣ

Изҳороти Толибон дар ҳоле буд, ки низомиёни Афғонистон дар шаҳри Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманд, амалиёти низомиро ба роҳ монданд. Артиш гуфт, рӯзи 3-юми август ба минтақаҳои амн бурдани тақрибан 200 ҳазор сокини маҳаллӣ шуруъ шуд. Дар вилоятҳои Ҳирот ва Қандаҳор низ задухӯрдҳои шадид ҷараён гирифт.

Тавсеаи қаламравҳои зери назари Толибон, тавре ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, аллакай ба дастовардҳои пурмашаққати 20 соли охир дар самти рушди расонаҳои мустақил таъсир расондааст.

Дар минтақаҳои таҳти назари Толибон даҳҳо шабакаҳои радио ва нашрияҳои мустақил, ба монанди радиоҳои “Навбаҳор” дар Балх, “Садои кӯча” дар Ҷурм ва Радиои “Деҳравуд” дар Бадахшон баста шуданд. Расонаҳои дигар бо тасмими худ аз тарси қассосгирии шӯришиён баста шуданд.

Идомаи ҷанг садҳо хонаводаро беҷо кардааст
Идомаи ҷанг садҳо хонаводаро беҷо кардааст

Толибон дар 20 соли гузашта даст ба куштори даҳҳо журналист ва кормандони расонаҳои хабарӣ задаанд. Ба иттилои хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Афғонистон, чанд расонае, ки иҷозаи фаъолият доранд, маҷбуранд, таблиғоти Толибонро роҳандозӣ кунанд.

Дар ин расонаҳо пахши мусиқӣ ва садои занон манъ буда, ҷойи онҳоро матнҳои бюллетенҳои тарғиботии Толибон, матнҳои қуръонӣ ва мавъизаҳо гирифтаанд.

Полис мегӯяд, Нозанинро куштанд

Дар ҳамин ҳол, полиси вилояти Балхи Афғонистон мегӯяд, Толибон як хонуми ҷавонро барои он ба қатл расонданд, ки дар тан либоси танг дошт ва бидуни ҳамроҳии марде аз хона берун шуда буд.

Рӯзи 3-юми август раиси полиси вилояти шимолии Балх Зиёулҳақ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса дар як деҳае рӯй дод, ки зери назорати Толибон аст. Сухангӯйи полиси Балх иброз дошт, ки номи ин хонуми 21-сола Нозанин буд ва ӯ мехост савори мошин шуда, ба шаҳри Мазори Шариф сафар кунад.

Сухангӯйи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид айбномаро рад кард ва афзуд, ки ҳамла мавриди тафтиш қарор гирифтааст.

“Шумори захмиён меафзояд”

Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 4-уми август гуфт, дар бораи афзоиши марги афроди мулкӣ ва хатар ба зербиноҳои муҳими Ҳилманд ва Қандаҳор хабарҳо мерасад. Стефан Дуяррич, сухангӯи СММ, дар нишасти матбуотӣ гуфт, “дар бемористонҳо шумори маҷрӯҳон зиёд мешавад”.

Вай инчунин аз донорҳои “Нақшаи вокуниши башарии Афғонистон” тақозо кард, ки ба барнома сармоягузорӣ кунанд, чун, ба гуфтаи Дуяррич, то ҳол камтар аз нисфи 1,3 миллиард доллари ваъдагӣ ворид шудааст.

Бо вуҷуди хушунатҳо, ҳазорҳо сокини маҳаллӣ ба нишони пуштибонӣ аз артиш дар кӯчаву хиёбонҳои чандин шаҳру минтақа бо нидоҳои “Аллоҳу Акбар!” таҷаммӯъ карданд.

Ин таҷаммуъҳо ба хотири боло бурдани рӯҳияи артиш ва ҷангиёни рӯ ба ҳукумат ва намоиши мухолифат ба амалҳои Толибон барпо шуданд.

Аз сулҳ мегӯянд, вале хушунатҳо давом дорад

Дар Вашингтон мушовири амнияти миллии Покистон гуфт, ҳукумати Афғонистон ва Толибон бояд ба созиш ва сулҳ даст ёбанд. Муид Юсуф, ки дар давоми як ҳафта бо мақомоти амрикоӣ дар Вашингтон гуфтугӯ мекард, афзуд, “бо назардошти воқеиятҳо, як созише метавонад ҳосил шавад. Вале хушунатҳо бояд хотима ёбанд”.

Ӯ гуфт, ҳукумати Афғонистон бояд таваҷҷӯҳро аз пирӯзиҳои низомӣ ба ҷалби қишрҳои мухталифи Афғонистон ба музокираҳо равона кунад.

Юсуф гуфт, ки ҳамтои амрикоиаш Ҷейк Салливан ва дигарҳо дар маъмурияти Ҷо Байден аз Покистон кадом дархости хосе накардаанд, вале масъалаи чӣ гуна дар фурсати кам ба ҳам овардани ҳама бозигаронро атрофи чунин “муколамаи ҳассосе” баррасӣ намуданд.

Ӯ ҳама гуна суҳбатҳоро дар бораи василаҳои фишори Исломобод болои Толибонро рад кард ва гуфт, “ҳама василаҳои маҳдуде, ки доштем, истифода кардем”.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG