Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайвандон ба худкушии Тоҷиддин Холов бовар надоранд. ВИДЕО


Пайвандони Тоҷиддин Холов, сарбозе, ки ҳангоми дидбонии бинои Додситонии кулли Тоҷикистон ба ҳалокат расид, ба фарзияи расмии марги ӯ бовар надоранд. Ба иттилои мақомот, ӯ худкушӣ кардааст. Наздиконаш дар деҳаи Андароби Кӯлоб мегӯянд, ҳақиқатро донистан мехоҳанд.

Дар Додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб гуфтанд, тафтиши парвандаи марги Тоҷиддин Холов идома дорад, аммо ҷузъиёт надоданд.

Пештар як манбаи Радиои Озодӣ дар Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буд, ки "чаҳор тир аз зери манаҳаш зада, аз сараш берун шудааст. Ташхиси ибтидоӣ ҳодисаро худкушӣ номид. Ҳанӯз маълум нест, чаро ин корро кардааст."

Дар бораи марги сарбоз дар бинои Додситонии кул Радиои Озодӣ рӯзи 17-уми июл хабар дод. Наздиконаш мегӯянд, ӯ моҳи майи имсол маҷбурӣ ба хидмати ҳарбӣ бурда шуда, дар яке аз воҳидҳои Горди миллӣ хидмат мекард ва 12-уми июл, шаби фоҷеа, яке аз муҳофизони бинои Додситонӣ будааст.

Ситора Холова, модари Тоҷиддин Холов, рӯзи 3-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳафтуми майи имсол аз пеши бозор қапида бурданд. "Облава" карданд. Ба хона даъватнома нафиристодаанд. Як дафъа оварда буданд, он вақт аз комиссия нагузашта буд."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Наздикон ба худкушии Тоҷиддин бовар надоранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Ба нақли наздикон, Тоҷиддин Холови 26-сола Донишгоҳи Кӯлобро хатм карда, як сол пеш хонадор шуда буд ва ҳанӯз духтараш Ёсуман ба дунё наомада, ба сарбозӣ рафт.

Ҳамсараш Ҳалима Қурбонова мегӯяд, Тоҷиддин Холов шикоят карда будааст, ки хидмати сарбозӣ хеле сахт мегузарад. “Ба воситаи телефон чизе намегуфт. Рухсатӣ гирифта омад ва қисса кард, ки кӯҳнасарбозон азият медиҳанд. Дар бунгоҳи тиббии қисми ҳарбӣ будааст, нигоҳ накардаанд”, -- нақл кард хонум Қурбонова.

Бадрафторӣ бо сарбозон, ки дар баъзе ҳолат ба маъюб шудан ва ё марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ меанҷомад, яке аз сабабҳои асосии саркашии аксар ҷавонон аз хидмат дар артиш гуфта мешавад. Мақомот бо чунин натиҷагириҳо розӣ нестанд.

Ҳоло, ки таҳқиқи парвандаи марги сарбоз Тоҷиддин Холов идома дорад, хонаводааш мехоҳанд, мақомот мунсифона рафтор карда, сабаби асосии марги писарашонро бигӯянд.

Марги сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои дигари ҳифзи тартиботу қонун масъалаи нав нест. "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" – як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон – мегӯяд, аз соли 2015 то 2019 ба онҳо ҳудуди даҳ мавриди марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ ошкор шудааст ва аксари онҳо дар пайи бадрафторӣ ё азияти сарбозон рух додааст.

Мақомот мегӯянд, солҳои охир назорат дар қисмҳои ҳарбӣ сахттар ва мавридҳои бадрафторӣ дар муқоиса бо гузашта камтар шудааст.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG