Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Лукашенкоро дар Беларус муҳокима мекунанд


Мария Колесникова ва Максим Знак, додгоҳ, 4-уми августи 2021
Мария Колесникова ва Максим Знак, додгоҳ, 4-уми августи 2021

Мурофиаи додгоҳии ду намояндаи мухолифини Беларус – Мария Колесникова ва Максим Знак – рӯзи 4-уми август дар шаҳри Минск шуруъ шуд. Муҳокима паси дарҳои баста мегузарад.

Колесникова ва Знак дар "даъватҳо ба зидди амнияти миллӣ, тавтеа ба хотири ғасби қудрат аз роҳи ғайриконститутсионӣ ва ифротгароии созмонёфта" гумонбар ҳастанд. Бар асоси ин иттиҳомҳо ба онҳо то 12 сол зиндон таҳдид мекунад.

Ин ду нафар узви Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифин мебошанд, ки баъд аз интихоботи баҳсбарангез ташкил шуд ва ҳадафи он интиқоли сулҳомези қудрат аст. Онҳо гуфтаанд, иттиҳомҳои зидди худро намепазиранд. Амрико иттиҳоми зидди Мария Колесникова ва Максим Знакро “сохта” номид.

Мария Колесникова дар толори додгоҳ. Минск, 4-уми августи 2021
Мария Колесникова дар толори додгоҳ. Минск, 4-уми августи 2021

Колесниковаро рӯзи 7-уми сентябри соли 2020 дар маркази шаҳри Минск мардони ниқобпӯше боздошт карда, ҳамроҳ бо ду нафари дигар то ба марзи Украина бурданд. Ба ӯ амр доданд, ки аз сарҳад гузарад, вале Мария Колесникова итоат накарда, шиносномаи Беларусро пора-пора намудааст. Сипас ӯро боздошт ва ба ҳабс гирифтанд.

Максим Знак, ки моҳи сентябри соли гузашта дастгир шуд, ба даъвати оммавӣ барои осеб расондан ба амният, истиқлол, тамомияти арзӣ ва дифои кишвар муттаҳам мешавад.

Дар Беларус рӯзи 9-уми августи соли 2020 интихоботи президентӣ баргузор шуд ва мақомот аз пирӯзии раҳбари худкома Александр Лукашенко хабар доданд. Мухолифон гуфтанд, ин натиҷаҳоро қабул надоранд ва дар асл намояндаи мухолифон Светлана Тихановская баранда шудааст.

Тихановская пас аз он довталаби курсии раёсати ҷумҳурӣ шуд, ки ҳамсари ӯро, ки мехост дар интихобот номҳад шавад, ҳабс карданд. Ӯ баъд аз интихобот кишварро тарк кард ва гуфт, “ин тасмим бо далелҳои амниятӣ гирифта шудааст”.

Дар пайи эътирозҳои тӯлонии мардумӣ ҳазорҳо нафар, аз ҷумла фаъолони маданиву журналистон боздошту ҳабс шуданд ва дар пушти панҷара мавриди озору шиканҷа қарор гирифтанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ гуфтанд, дар натиҷаи шиканҷа чандин нафар ҷон доданд.

Александр Лукашенко, ки ҳузури худро дар қудрат қонунӣ медонад, аз музокира бо мухолифон худдорӣ кардааст.

Натиҷаҳои интихоботи президентии Беларусро Иттиҳоди Аврупо, Амрико, Канада ва кишварҳои дигари ғарбӣ эътироф накарданд ва дар посух барои саркӯби эътирозгарон мақомоти ин кишварро таҳрим намуданд.

XS
SM
MD
LG