Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамолиддин Абдуллозода "ба кор баргашт". ВКД: "Ягон арзу шикоят нашуд". ВИДЕО


Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ бо нашри ин акс паём дод, ки "вазир ба кор баргашт"

Пас аз ду ҳафтаи латукӯб шудани вазири тандурустӣ, раҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ки дар ин маврид ба онҳо “ҳеч арзу шикоят нашуд”. Бар хилофи хабари аввал, ки барои тафтиши ҳодиса парванда боз шудааст, ҳоло маълум шуд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қонун ба таҳқиқи қазия машғул нестанд.

Пештар манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, вазир Ҷамолиддин Абдуллозода 20-уми июл аз сӯи се хоҳарзодаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон латукӯб шудааст.

Рамазон Раҳимзода
Рамазон Раҳимзода

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 4-уми август гуфт, латукӯб шудани вазири тандурустиро бори аввал мешунавад, аммо айни замон афзуд, "вақте дар интернет чунин хабарҳо шуд, пурсидам, ягон хел муроҷиат нест."

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон, пас аз ду ҳафтаи латукӯб шудан аз сӯйи хоҳарзодаҳои раиси ҷумҳурӣ, дар аксҳое намудор шуд. Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ рӯзи 3-юми август бо нашри чанд акс хабар дод, ки Ҷамолиддин Абдуллозода бо шаҳрвандон ҳамсуҳбат шуда, арзи онҳоро шунидааст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Вазир дар бораи Иззат Амон, вазири тандурустӣ ва қазияҳои дигар тавзеҳ дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

Радиои Озодӣ мустақилона тасдиқ карда наметавонад, ки аксҳои нашркардаи Вазорати тандурустӣ рӯзи гузашта гирифта шудаанд ё аксҳои пештараанд. Дар аксҳо низ далеле дида намешавад, ки онҳо рӯзи 3-юми август гирифта шудаанд.

Вазири тандурустӣ рӯзи 20-уми июл аз сӯйи се хоҳарзодаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон латукӯб шуда буд. Ба иттилои зиёда аз панҷ манбаи Радиои Озодӣ, Фахриддин, Фаррух ва Зиёдалӣ Сафаровҳо баъд аз фаҳмидани марги модарашон Қурбонбӣ Раҳмонова ба пизишкон, аз ҷумла вазири тандурустӣ ҳамла кардаанд.

Норозигии онҳо гуё замоне сар задааст, ки пизишкони хориҷӣ гуфтаанд, шеваи табобати хоҳари президент дар беморхонаи ҳукуматӣ нодуруст аст.

Аммо яке аз шоҳидони ҳодиса, ки пойфишорӣ дошт, пизишкон хоҳари президентро ташхиси нодуруст нагузоштаанд, ин занозаниро "беодобии хешони бемор" номид. Вай, инчунин, афзуд, дар табобати бемор на танҳо пизишкон аз Русия, Узбекистон ва Олмон, балки аз Чин низ саҳм доштанд ва онҳо шеваи табобатро нодуруст нашумурдаанд.

Дар он муноқиша ҷоғи Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ осеб дида, Холмуҳаммад Раҳимзода, мудири Маркази тиббии назди Дастгоҳи иҷроияи президент аз сараш зарб хӯрда буд.

Вазорати тандурустӣ ин хабарро рад карда, гуфта буд, Ҷамолиддин Абдуллозода бо сафари корӣ ба Русия рафтааст. Аммо нашр накардани ягон акси вазир аз ҷараёни сафараш ба Русия ва ҳамчунин дар нишасти хабарӣ ширкат надоштани вазир, гуфтаҳои дафтари матбуоти Вазорати тандурустиро зери шубҳа бурда буд.

Даҳҳо корбари "Фейсбук" мепурсиданд, агар хабари зада шудани вазир нодуруст аст, пас, худи Ҷамолиддин Абдуллозода дар куҷост ва чаро дар наворе худро нишон намедиҳад.

Ҳарчанд сухангӯи вазорат гуфт, ӯ 21-уми июл ба Маскав сафар кардааст, як корманди масъули Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, вазир пас аз сафари Туркия дар моҳи май ба ҷое нарафтааст ва ё ба камияш аз ин фурудгоҳ ба ҷое парвоз накардааст.

Ҳамчунин ду нафар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми июл аз вазир дар хонаи ӯ аёдат кардаанд. Ба гуфтаи яке аз онҳо, вазир дар хонааш табобат мегирифт ва нав гипсро аз манаҳаш гирифта буданд.

Ҷамолиддин Абдуллозодаи 54-сола дар авҷи пандемияи коронавирус дар моҳи майи соли гузашта вазири тандурустӣ таъйин шуд. Мунтақидонаш ӯро ба пинҳонкорӣ дар бораи теъдоди беморон ва қурбониёни коронавирус муттаҳам мекунанд. Вале худи ӯ ин ҳамаро борҳо рад карда, гуфтааст, роҳашон дар мубориза бо COVID-19 дуруст буд.

Шарҳҳоро бинед (26)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG