Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вашингтон барои шаҳрвандони Афғонистон барномаи нави муҳоҷиратро муаррифӣ мекунад


Дар ҷанги моҳҳои охир дар Афғонистон садҳо хонаводаи дигар беҷо шудаанд
Дар ҷанги моҳҳои охир дар Афғонистон садҳо хонаводаи дигар беҷо шудаанд

Мақомоти Амрико ният доранд, барои дар ин кишвар ҷой додани гурӯҳи муайяни паноҳандагон аз Афғонистон як барномаи навро ба роҳ монанд. Хабаргузории Reuters бо такя манобеаш гуфт, интизор меравад, Вазорати корҳои хориҷӣ (Департаменти давлатӣ)-и Амрико барномаи нави муҳоҷиратро рӯзи 2-юми август муаррифӣ кунад. Департаменти давлатӣ дархости хабаргузориро барои шарҳ додани барнома қонеъ накардааст.

Нигаронӣ пас аз "ишғолгарӣ"-ҳои Толибон

Ин хабар дар ҳолест, ки гурӯҳи ҷангҷӯйи Толибон ба ишғоли қаламравҳои бештар дар Афғонистон идома медиҳад ва нирӯҳои Амрикову ҳампаймононаш барномаи беруншавӣ аз ин кишварро тақрибан ба анҷом расонидаанд.

Ҷо Байден
Ҷо Байден

Президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷо Байден, бо фишори қонунгузорон ва ҳам гурӯҳҳои пуштибони ёрӣ ба Афғонистон рӯ ба рӯ шудааст. Онҳо мегӯянд, ин ашхос пас аз 20 соли ҷангу кумаки фаъол ба нирӯҳои хориҷиву амрикоиҳо дар муқобили хатари қассосгирии Толибон танҳо мемонанд.

Байден ба он шаҳрвандони Афғонистон, ки ба низомиёни амрикоӣ ёрӣ кардаанд, ваъда дод, онҳоро танҳо намегузорад. Ин нуктаро ӯ дар мулоқоташ бо раиси ҷумҳурии Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва раҳбари Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ Абдулло Абдулло рӯзи 24-уми июн таъкид кард.

Ҷузъиёти барнома фош намешавад

Мақомоти амрикоӣ аз фош кардани барномаҳои ёрӣ ба шаҳрвандони Афғонистон, ки бо низомиёни хориҷӣ ҳамкорӣ кардаанд, худдорӣ меварзанд, чун аз таҳдидҳои амниятӣ ба онҳо хавф доранд. Ба иттилои Reuters, барномаи нави муҳоҷират ба он шаҳрвандони Афғонистон рабт хоҳад дошт, ки бо барномаҳои таҳти сармоягузории амрикоиҳо ва ҳам созмонҳои амрикоии ғайритиҷоративу матбуот ҳамкорӣ кардаанд.

Ин гурӯҳи шаҳрвандони Афғонистон ҳақ надоранд, дар барномаи дигари кумак, ки бо номи Визаи вижаи муҳоҷират (Special Immigration Visa) маъруф буда, ба тарҷумонҳову дигар кормандони сохторҳои давлатӣ ва оилаҳои онҳо равона шудааст, иштирок кунанд.

Нерӯҳои ҳукуматӣ дар Афғонистон ба мубориза бо ҷангҷӯёни Толибон идома медиҳанд
Нерӯҳои ҳукуматӣ дар Афғонистон ба мубориза бо ҷангҷӯёни Толибон идома медиҳанд

Ба иттилои хабаргузории Reuters, аризаи 200 нафар бар асоси барномаи Визаи вижаи муҳоҷират таҳти баррасӣ аст ва дар умум интизор меравад, ҳудудан 50 ҳазор нафар бар асоси ин барнома фаро гирифта шаванд.

Бар асоси иттилои мақомот, барномаи нави Амрико барои Афғонистон аз барномаи муҳоҷират барои шаҳрвандони Ироқ, ки баъд аз гумонҳо дар роҳ ёфтани тақаллуб ва фасод муваққатан боздошта шуд, фарқ дорад. Бар асоси ин барнома, аризадиҳанда бояд, ки аз ҷониби созмонҳои амрикоӣ, сохторҳои ғайридавлатӣ ва матбуот зикр карда шавад.

Ҳолати номуайянӣ дар Афғонистон

Дар пасманзари берун рафтани нирӯҳои амрикоиву байналмилалӣ аз Афғонистон ва ҳам пешрафтҳои ахири Толибон, ки қаламравҳои зиёдро таҳти назорат мегиранд, дар ин кишвар як ҳолати номуайянӣ ва ҳам нигаронӣ ба вуҷуд омадааст.

Баъзе аз қонунгузорони амрикоӣ аз бозгашти Толибон ба қудрат ба таври ошкоро изҳори ташвиш карда, аз бадтарин намунаҳои бархӯрди онҳо бо мардум дар мисоли духтарону занон ёдовар мешаванд. Толибон дар солҳои 1996-2001 дар Афғонистон бо шадидтарин шеваи қонунҳои исломӣ ҳукмронӣ намудаанд.

The Wall Street Journal – нашрияи бонуфузи амрикоӣ – бо такя ба як гузориши иктишофии амрикоӣ пешгӯӣ кардааст, ки Толибон дар шаш моҳ метавонанд, шаҳри Кобулро ба даст оваранд. Ин арзёбиҳо аз пешбиниҳои қаблӣ, ки мегуфт артиши давлатӣ метавонад давоми ду сол мавқеи худро ҳифз кунад, фарқ мекунад.

Ба навиштаи АР, пас аз берун рафтани нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон тахминан 650 низомии амрикоӣ бо ҳадафи таъмини амнияти дипломатҳо дар Афғонистон мемонанд. Мақомот гуфтаанд, ба эҳтимоли зиёд чандсад низомии амрикоӣ барои таъмини амнияти Фурудгоҳи байналмилалии Кобул ва барои ёрии амниятӣ ба нирӯҳои Туркия то моҳи сентябри имсол дар Кобул хоҳанд монд.

XS
SM
MD
LG