Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи байналмилалии олимпӣ: Тимановская дар макони амн аст


1 август, фурудгоҳи Ҳанедаи шаҳри Токио. Кристина Тимановская дар ҳалқаи ходимони полиси ҷопонӣ
1 август, фурудгоҳи Ҳанедаи шаҳри Токио. Кристина Тимановская дар ҳалқаи ходимони полиси ҷопонӣ

Кумитаи байналмилалии олимпӣ рӯзи 2-юми август гуфт, давандаи беларусӣ, Кристина Тимановская, ки ғайри хоҳишаш, бо фишори аъзои тими олимпии Беларус, ба фурудгоҳи шаҳри Токио бурда шуд, дар ҷойи бехатар қарор дорад.

Тарафдорони Тимановская гуфтанд, ӯ мехоҳад дар Аврупо дархости паноҳандагӣ бикунад.

Тимановская, ки аз полиси Ҷопон (Япония) дархости ҳимоят кард, субҳи душанбе ҳанӯз дар Фурудгоҳи шаҳри Токио қарор дошт. Ҳанӯз маълум нест, Тимановская пешниҳоди кадом кишвари аврупоиро барои паноҳандагӣ қабул мекунад. Пештар Лаҳистон (Полша) ва Ҷумҳурии Чех ба ӯ пешниҳоди паноҳандагӣ карданд.

Айни замон Бунёди ҳамраъйии варзишии Беларус гуфт, Тимановская мехоҳад, аз Австрия ё Олмон ёрӣ бихоҳад. Худи ӯ чанде пеш дар як муроҷиати видеоӣ гуфт, намехоҳад ба Беларус баргардад ва аз Кумитаи байналмилалии олимпӣ дархост кард, ба қазияи ӯ дахолат кунад.

Варзишгари беларусӣ гуфт, зери фишори мақомоти кишвараш аст ва онҳо мехостанд, маҷбурӣ ӯро ба Минск баранд.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ гуфт, пуштибонӣ аз ин варзишгари беларусиро идома медиҳад ва аз Кумитаи олимпии Беларус тақозо кард, масъулияти ҳодисаи рӯйдодаро пурра ба дӯш бигирад.

Қарор буд, Тимановская 2-юми август дар мусобиқаи дави 200-метрӣ иштирок кунад, вале, ба гуфтааш, намояндагони мунтахаби олимпии Беларус рӯзи якшанбе ӯро бо зӯр ба фурудгоҳ бурданд. Бунёди ҳамраъйии варзишии Беларус дар як муроҷиат ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ хост, ба ин варзишгар кумак кунанд.

Худи Тимановская мегӯяд, қарори ба ватан баргардонидани ӯ аз як навиштааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарчашма мегирад, ки дар он рафтори мақомдоронро танқид карда, гуфтааст, бо гуноҳи онҳо шумори зарурии иштирокдорони дави эстафета ҷамъ нашуданд.

Нозирони байналмилалӣ гуфтанд, ки Беларус дар давоми даҳ моҳи пеш аз Олимпиада шумори зарурии допинг-тестҳоро барпо накард ва бо ҳамин сабаб се духтари варзишгар барои ширкат дар бозиҳо роҳ дода нашуданд.

Мақомоти варзишӣ тасмим гирифтанд, ба тими эстафетачиён Тимановскаяро ворид кунанд, дар ҳоле ки ӯ ба таври касбӣ барои иштирок дар бахши дигар – спринт омодагӣ дидааст. Тимановская аз ширкат дар ин бахши рақобатҳо даст кашид ва матбуоти давлатӣ дар посух ӯро ба шиддат танқид кард. Кумитаи олимпии Беларус гуфт, тақозои ихроҷ бо "ҳолати равонии варзишгар" вобаста аст.

XS
SM
MD
LG