Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти шаҳрвандони Узбекистон аз тамаъҷӯии марзбонони қирғиз


Шаҳрвандони Узбекистон аз санҷишҳои ғайриқонунӣ ва тамаъҷӯии сарҳадбонони Қирғизистон ба президенти он кишвар Содир Ҷабборов (Содир Жапаров) шикоят карданд.

"Муҳтарам президент Содир Ҷабборов (Содир Жапаров), тавре Шумо хабар доред, шаҳрвандони Узбекистон аз гузаргоҳи марзии "Достук" гузашта, тавассути фурудгоҳи Ӯши Қирғизистон ба шаҳрҳои Қазоқистон парвоз мекунанд. Вале дар онҷо корҳое анҷом мешаванд, ки нигаронкунанда ҳастанд", - омадааст дар муроҷиатномаи блогери узбек бо номи Исмоил.

Блогер аз президенти Қирғизистон даъват кардааст, ки ба мушкилиҳо дар гузаргоҳҳои сарҳадии кишвараш таваҷҷуҳ намояд.

"Низомиёни Шумо аз ҳар як нафар танҳо барои гузаштан аз марз 50 ҳазор сӯм талаб мекунанд. Агар 50 ҳазор сӯм надиҳед, иҷозати убури сарҳадро намедиҳанд ва бо баҳонаҳои гуногун бармегардонанд. Мардум маҷбур ҳастанд, ин пулро диҳанд. Аз Шумо хоҳиш мекунем, ки ба вазъ дар гузаргоҳи мазкур таваҷҷуҳ кунед", - афзудааст блогер.

Корбарони узбек дар Твиттер ҳам изҳори нигаронӣ мекунанд, ки шаҳрвандони Қирғизистон марзи Узбекистонро бидуни мушкиле убур мекунанд, вале узбекистониҳо ҳангоми гузаштан аз марзи кишвари ҳамсоя маҷбур ҳастанд, пул диҳанд.

Рӯзноманигор аз Ӯш Ҳамидулло Узақов иддаои шаҳрвандони Узбекистонро тасдиқ кардааст. "Дер боз дар бораи муносибати бад ва тамаъҷӯӣ дар гузаргоҳи марзии "Достук" шикоятҳо мешунавем", - изҳор доштааст рӯзноманигори қирғиз.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон иддаои мусофирони Узбекистонро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG