Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба зиндониёни Ҳирот касб меомӯзанд, то "луқмаи ҳалол ба даст оранд". ВИДЕО


Дар зиндони шаҳри Ҳирот, ки яке аз бузургтаринҳо дар Афғонистон ба шумор меравад, барои зиндониён шароите фароҳам кардаанд, ки пас аз озодӣ бекор намонанд ва луқмаи ҳалол ба даст оранд. Мақомот мегӯянд, ҳунар ба зиндониён имкон медиҳад, дигар ба қонуншиканиву ҷиноят даст назананд.

Дар зиндони шаҳри Ҳирот 2500 маҳбус ҳукм адо мекунанд. Онҳое, ки ҳукми тӯлонӣ гирифтаанд, имконе барои омӯхтани ҳунарҳои нав доранд. Дар ин маркази ҳунаромӯзӣ 60 нафар қолибофӣ, чармгарӣ ва ҳунарҳои дигаре ёд мегиранд.

Видеоро ин ҷо тамошо кунед:

Дар Ҳирот ба зиндониён касб меомӯзанд, то дубора ба роҳи хато нараванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00

Алӣ Ризо, як тан аз зиндониён мегӯяд, “ду солу ду моҳ мешавад, ки дар зиндон кор мекунад ва харҷи зану бачаҳояшро пайдо мекунад.”

Муҳаммад Мустафо, ки 15 сол ҳукми зиндон дорад ва ҳашт сол боз маҳбус аст, дар зиндон кифи занона омода мекунад.

Бисёре аз зиндониён барои ғоратгарӣ ва қочоқи маводи мухаддир ҷазо гирифтаанд. Мақомоти зиндон умедворанд, ки ҳунар ба маҳбусон имкон медиҳад, баъди раҳоӣ ба роҳи рост раванду рӯзиашонро ёбанд.

Маҳбубшоҳ Пажмон, мудири Маркази омӯзишии зиндони Ҳирот гуфт: “Инҳо ҳунар меомӯзанд, шуғл ёд мегиранд. Ҳадаф ин аст, ки инҳо афроди муфид ва солеҳ, тарбия шаванд ва ба ҷомеа ба ҳайси афроди солеҳ тақдим бишаванд.”

Шаъбони 28-сола барои ғоратгарии мусаллаҳона ба 16 соли зиндон маҳкум шудааст. Ӯ қолибофи ботаҷрибае шуд ва ба зиндониёни дигар ҳунар меомӯзад.

“Ҳаминҷо ҷо шогирд тарбия мекунем, ки озод шаванд, берун раванд. Думболи хилоф нараванд, думболи як луқма нони ҳалол, дунболи озодӣ раванд. Дигар инҷо маҳбас наоянд, ҳар кас ки озод мешавад, орзу мекунам, дигар касе ба маҳбас барнагардад. Маҳбас ҷойи хубе нест.”,--гуфт ӯ.

Зиндониён дар рӯз ҳашт соати худро сафри кору ҳунаромӯзӣ мекунанд. Мақомот мегӯянд, ният доранд, ки зиндониёни бештарро ҳунар ёд диҳанд, то онҳо ба зиндагӣ дар пушти ин деворҳо омода шаванд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG