Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко гуфт, даркор шавад, низомиёни русро даъват мекунад


Александр Лукашенко, президенти Беларус бо Владимир Путин, президенти Русия
Александр Лукашенко, президенти Беларус бо Владимир Путин, президенти Русия

Александр Лукашенко, президенти Беларус гуфт, “агар барои бехатарӣ даркор шавад”, ба кишвараш низомиёни Русия ворид хоҳанд шуд.

Хабаргузориҳои давлатии ин кишвар аз қавли ӯ навиштанд, ки Лукашеко гуфтааст, ҳоло Беларус нерӯи кофӣ барои муқобилият бо ҳар гуна таҳдидро дорад, вале агар нерӯ камӣ кард, низомиёни русро даъват мекунад.

Президенти Беларус иддао кард, ки кишварҳои узви НАТО дар пайи ноором кардани ин кишвар ҳастанд.

Қаблан, Йоҳанс Столтенберг, дабири НАТО нигаронӣ кард, ки Беларус бо Русия бештар наздик гашта, аз нигоҳи сиёсӣ вобастаи ин кишвар шудааст.

Ӯ гуфт, ки НАТО ба ҳар гуна таҳдид ба кишварҳои узваш аз хоки Беларус ва Русия посух хоҳад дод.

Аксари кишварҳои аврупоии ҳамсояи Русия ва Беларус узви НАТО ҳастанд.

Вазъи Беларус пас аз интихоботи рӯзи 9-уми августи як соли пеш печида шуд.

Мақомот Лукашенкоро пирӯз эълон карданд, вале мухолифон ва ҳазорон шаҳрванди ин кишвар бо пуштибонӣ аз Светлана Тихановская, рақиби Лукашенко дар интихобот эътироз карданд.

Давоми як соли гузашта мақомоти Беларус бераҳмона эътирози сокинонро саркуб карданд.

XS
SM
MD
LG