Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико як посгоҳро дар наздикии сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бозсозӣ кард


Амрико аз соли 2007 ба ин сӯ ба нерӯҳои марзбонӣ ва бозсозии посгоҳҳои сарҳадӣ дар Тоҷикистон даҳҳо миллион доллар ёрӣ кардааст
Амрико аз соли 2007 ба ин сӯ ба нерӯҳои марзбонӣ ва бозсозии посгоҳҳои сарҳадӣ дар Тоҷикистон даҳҳо миллион доллар ёрӣ кардааст

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо харҷи 570 ҳазор доллар як посгоҳро дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон таъмиру бозсозӣ кардааст. Маросими ба истифода додани посгоҳ рӯзи 30-юми июл баргузор шуд.

Сафорати Амрико дар Душанбе гуфт, дар маросим кордори сафорат Ҷон Гинкел ва муовини фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, Раҷаб Саодатзода, иштирок карданд.

"Ин посгоҳи марзӣ барои сарҳадбонон имконоти иловагиро барои назорат ва посбонии марз бо Афғонистон дар минтақаи Шаҳритуси вилояти Хатлон фароҳам меорад", - гуфтанд дар сафорати Амрико.

Ба иттилои манбаъ, иншооти мазкур "иқтидори нерӯҳои марзбониро барои пайгирӣ ва пешгирӣ аз убури ғайриқонунии сарҳад (тақрибан 15-20 километр) ва мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддиру ифротгароӣ ба таври чашмрас боло мебарад".

"Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ҷонибдори шарикӣ бо Тоҷикистон, барои дастгирии соҳибихтиёрӣ, амният ва нақши он дар ҳифзи сулҳ ва шукуфоии дарозмуддат дар Афғонистон, мебошад", -- гуфта шудааст дар иттилоияи намояндагии расмии Амрико дар Душанбе.

Иёлоти Муттаҳида дар гузашта низ барои таъмиру бозсозии посгоҳҳои сарҳадӣ ва таъмини нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ёрии моливу техникӣ кардааст. Аз ҷумла, Барномаи мубориза бар зидди маводи мухаддири Дафтари Ҳамкориҳои Ҳарбӣ аз соли 2007 ба ин сӯ ба Тоҷикистон беш аз 155 миллион доллар кумак расондааст.

Дар умум Амрико дар 30 соли ҳамкорӣ бо Тоҷикистон тавассути барномаҳои гуногун ба кишвар ба маблағи беш аз 1,8 миллиард доллар ёрӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG