Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден ба тарҷумонҳои афғон: "Ба хонаи худ хуш омадед"


Президенти ИМА Ҷо Байден
Президенти ИМА Ҷо Байден

Президент Ҷо Байден нахустин ҳавопаймоеро, ки субҳи 30 июл даҳҳо шаҳрвандони Афғонистон - ҳамкорони нирӯҳои амрикоиро ба ИМА расонид, истиқбол кард. Хабаргузории АР бар пояи санадҳои расмӣ гуфт, ки аввалин парвози ҳавопаймои интиқолӣ гурӯҳи беш аз 200-нафарии тарҷумонҳову дигар кормандони ҳамкори амрикоиҳо дар Афғонистонро ба Вашингтон расонид. Дар миёни мусофирон 57 кӯдак ва 15 навзод мебошанд.

Кохи Сафед бо нашри изҳороте гуфт, ки Байден ин парвозро ҳодисаи муҳиме номид, ки баёнгари “иҷрои ӯҳдадориву ваъдаҳои амрикоиҳо дар баробари ҳазорҳо шаҳрвандони Афғонистон барои хидмати шона ба шонаашон бо низомиёну дипломатҳои Амрико дар давоми 20 соли ахир дар Афғонистон” мебошад. Байден гуфт, “бештар аз ҳама мехоҳам ба ин шаҳрвандони ҷасури Афғонистон барои дар канори ИМА буданашон ташаккур бигӯям ва имрӯз ман бо эҳсоси ифтихор ба онҳо мегӯям, ки “Ба хонаи худ хуш омадед”.

Ҳавопаймо субҳи 30 июл дар фурудгоҳи байналмилалии Далласи Вашингтон фуруд омад. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки ин ҳайат чанд рӯз дар қароргоҳи Форт Лии аёлати Вирҷиния қарор мегирад.

Бо иҷро шудани нақшаи хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ, мақомоти ин кишвар он шаҳрвандони Афғонистонро, ки бо онҳо ҳамкорӣ кардаанд, аз тарси қассосгирии Толибон баъди рафтани онҳо дар Амрико сарпаноҳ медиҳанд. Дар давоми солҳои зиёд Толибон бисёр афғонистониҳову аъзои оилаи онҳоро, ки бо амрикоиҳо ҳамкорӣ мекарданд, ба қатл расонидаанд. Толибон дар як иддаое ҳафтаи гузашта гуфтанд, онҳое, ки дар гузашта бо нирӯҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ кардаанд, ҳадаф қарор намедиҳанд.

Аз соли 2001 тахминан 300 ҳазор шаҳрвандони мулкии Афғонистон бо нирӯҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG