Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асет Абишев - маҳбуси сиёсии қазоқ пеш аз муҳлат озод шуд


Асет Абишеш. 30 июл, 2021.
Асет Абишеш. 30 июл, 2021.

Фаъоли мадании қазоқ Асет Абишев, ки ҳомиёни ҳуқуқи Қазоқистон ӯро маҳбуси сиёсӣ меноманд, 30 июл аз зиндони Заречнии вилояти Алмато озод шуд.

Гуруҳе аз ҷонибдорони Абишев ӯро дар назди дарвозаи зиндон пешвоз гирифтанд. Фаъоли мадании қазоқ ба ҳамаи онҳое, ки ӯро дастгирӣ карданд, миннатдорӣ баён намуд.

"Будани шумо дар инҷо муҳим аст. Ингуна корҳо хеле кумак мекунанд. Инро дар худ таҷриба кардаам. Вақте мардум мехоҳанд, кореро анҷом диҳанд, иттиҳод хеле кумак мекунад. Неру дар иттиҳод аст", - изҳор дошт Абишев дар суҳбат бо ҷонибдоронаш.

Ҷонибдорони Асет Абишев субҳи 29 июл пушти дари маҳбаси Заречнии вилояти Алмато ҷамъ шуда, озодии пеш аз муҳлати ӯро интизор буданд. Аммо сардори маҳбас Нурлан Бидайбеков ба ҷамъомадагон хабар дод, ки озодии пеш аз муҳлати Абишев фардо - 30 июл иҷро мешавад.

Абишев моҳи июли соли 2018 дар шаҳри Алмато боздошт шуд. Ӯро дар "сармоягузории созмони ҷиноӣ" ва "иштирок дар фаъолияти созмони мамнуъ" айбдор карданд. Моҳи ноябри соли 2018 додгоҳ Абишевро чаҳор сол зиндонӣ кард. Вай пештар аз ин хост, пеш аз адои муҳлат аз маҳбас озод шавад. Додгоҳ ахиран ин дархостро қонеъ кард.

XS
SM
MD
LG