Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти даҳҳо нафар баъд аз ҷанги гурӯҳии тоҷикону чеченҳо


Екатеринбург. Моҷарои гурӯҳии миёни муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ
Екатеринбург. Моҷарои гурӯҳии миёни муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баъд аз занозании гурӯҳӣ миёни зодагони Тоҷикистону Чеченистон 70 нафарро боздошт намуда, 13 тани онҳоро ба шуъбаи пулис бурдаанд.

Хабаргузории русии "Фонтанка" менависад, ҷанҷол субҳи 29-уми июл дар наздикии меҳмонхонаи "Белые ночи" ба амал омадааст.

Тибқи иттилои мақомот, ҷанҷол миёни бошандагони меҳмонхона - шаш марди чечен ва чор шаҳрванди Тоҷикистон сар задааст. Муноқишаи лафзӣ ба задухӯрд печидааст, ки дар натиҷа ду нафар аз сарашон осеб дида, ба бемористон бурда шуданд.

Ба 6 нафари дигар дар ҷойи ҳодиса ёрии тиббӣ расонда шудааст.

Кормандони пулис иштирокдорони ҷанҷол ва 70 бошандаи меҳмонхонаро, ки зодагони Тоҷикистон ва Узбекистон буданд, дастгир карданд. Як рӯз пеш аз ин Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, ки минбаъд муҳоҷирон барои иштирок дар занозаниҳои гурӯҳӣ аз қаламрави кишвар "депорт" ё ихроҷ шуда, роҳашон ба ин давлат барои як умр баста мешавад.

XS
SM
MD
LG