Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти гумрук: Баъди ба дасти Толибон гузаштани Шерхон Бандар "гардиши мол хеле кам шуд". ВИДЕО


Пули "Дӯстӣ" дар марз миёни Тоҷикистону Афғонистон
Пули "Дӯстӣ" дар марз миёни Тоҷикистону Афғонистон

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, гардиши мол тавассути гузаргоҳи Панҷи Поён (Шерхон Бандар) дар сарҳад бо Афғонистон ба таври чашмрас кам шудааст. Гузаргоҳи Шерхон Бандар, ки масири асосии интиқоли мол миёни Тоҷикистону Афғонистон ба шумор меравад, 21-уми июни имсол ба дасти Толибон афтод.

Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, рӯзи 30-юми июл гуфт, "агар пеш дар як рӯз 35-40 мошин ворид мешуд, ҳоло 3-4 мошин ворид мешавад. Инҳо ҳамон мошинҳое ҳастанд, ки қабл аз афзоиши ноамниҳо дар роҳ буданд. Ҳоло қариб, ки гардиши мол нест".

Бӯрӣ Ҳамроҳзода, сардори Раёсати таҳлил ва омори гумрукӣ, гуфт, гардиши мол агар моҳи январи имсол 86 ҳазору 492 тоннаро ташкил медод, дар моҳи июн ба 37 ҳазору 987 тонна расид.

Чанд рӯз пеш мақомоти Афғонистон эълон карданд, ки бинобар ба дасти Толибон афтодани гузаргоҳҳои марзии ин кишвар давлат 33 миллион доллар зарар дидааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марз дорад. Роҳи аслие, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, гузаргоҳи Шерхон Бандар (аз тарафи Афғонистон) ва Панҷи Поён (аз тарафи Тоҷикистон) аст.

Хадамоти гумрук мегӯяд, марзҳои баста гардиши молро коҳиш дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

Мушкил бо Қирғизистон пас аз моҷарои моҳи апрел

Масъулони Хадамоти гумрук гуфтанд, имсол дар баробари Афғонистон, гардиши мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон низ кам шудааст. Рӯзи 24-уми май ҳукумати Қирғизистон бо як қарори худ вуруд, баромадан, транзит ва будубош дар қаламрави худро барои шаҳрвандони Тоҷикистон, то замони ҳалли масъалаҳои марзӣ, боздошт.

"Баъди ҳодисаҳо дар марз, хато накунам, 60 воситаи нақлиёт бо бори Тоҷикистон дар ҳудуди Қирғизистон монданд. Оид ба ин масъала Вазорати корҳои хориҷӣ корҳои муайянеро анҷом дод, аксари борҳое, ки ба шаҳрвандони мо тааллуқ доштанд, ворид шуданд. Лекин гардиши мол ва равуои шаҳрвандон манъ карда шудааст", -- шарҳ дод Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои ҷониби Тоҷикистон, табодули мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 2020 тақрибан 37 миллион долларро ташкил додааст.

Таъсири додугирифти кам ба нарх дар бозор

Баъзе аз коршиносон гуфтанд, коҳиши табодули мол тавассути Афғонистону Қирғизистон ба нархи маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон ва зиндагии мардум бе таъсир намемонад. Фирӯз Қодиров, иқтисоддони тоҷик, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "вақте дар бозор пешниҳод кам шуд, якбора нархи ҳамон гурӯҳи маҳсулот метавонад, баланд шавад. Нарх, ки баланд шуд, ба сатҳи зиндагӣ таъсир дорад."

Намояндагони Хадамоти гумрук мегӯянд, пас аз баста шудани марзи Қирғизистон, тоҷирон масири табодули молу колоро тавассути Узбекистон ба роҳ мондаанд. Ба қавли, раҳбарияти ин ниҳод, ҳарчанд гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва ду ҳамсоякишвар кам шудааст, дар умум табодули тиҷорати хориҷӣ коҳиш наёфтааст.

Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар 6 моҳи аввали имсол гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба тақрибан 3 миллирад доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36% зиёд аст.

Дар савдои хориҷии Тоҷикистон тавозуни содирот бар воридот тафовути зиёд дорад. Аз ҳаҷми умумии гардиши мол, 1 миллираду 870,2 миллион доллар ба воридот ва 1 миллиарду 48,5 миллион доллар ба содирот рост меояд. Дар гузашта коршиносон борҳо таъкид намудаанд, ки аксар молҳои ниёзи аввал аз хориҷи кишвар ба ватан оварда мешавад ва ин яке аз сабабҳои гаронии нарх дар бозорҳо мебошад.

XS
SM
MD
LG