Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони нави "Имон" гуфтанд, саҳмияҳои муассисаро бо нархи бозор харидаанд. ВИДЕО


Раҳбарони нави "Имон Интернешнл" мегӯянд, ин муассисаро бо нархи бозор харидаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Моликони нави “Имон интернешнл” дар шаҳри Хуҷанд мегӯянд, бастаи саҳмияҳои ин ташкилоти молиро аз соҳибони пешинаи он бо нархи бозор харидаанд. Ин нукта дар як нишасти хабарӣ дар Хуҷанд рӯзи 28-уми июл садо дод.

Пештар муҳаққиқони OCCRP, Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта, ошкор карда буданд, ки "Имон интернешнл" дар як амалиёти печида ва шубҳанок аз дасти муассисони тоҷикистониаш бо нархи арзон гирифта шуда, соҳибкори итолиёвӣ Винчензо Транӣ бастаи асосии саҳмияҳоро ба даст овард.

Муаллифони таҳқиқ навиштаанд, дар харидани саҳмияҳо, соҳибкори итолиёвӣ аз пуштибонии Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки Миллӣ ва домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдор буд.

Моликони нав фошкориҳои журналистони таҳқиқгарро бепоя хонданд. Александр Ерёмин, раиси Шӯрои нозирони “Имон интернешнл” гуфт, “мефаҳмед, агар ин матлаб асос медошт, мо ҳоло шоҳиди бозпас гирифтани амонатҳо мешудем. Зеро агар туро ба фаъолиятҳои ношаффоф айбдор кунанд, муштариҳо безобита шуда, мераванд."

Дар тақвияти ин иддао худи Ерёмин гуфт, сармоягузорони “Имон интернешнл” ҳамкориро бо ин ташкилот қатъ накарда, балки идома медиҳанд. Ӯ афзуд, ахиран Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои “Имон интернешнл” 4 миллион доллар қарз ҷудо кард.

Дар ин нишаст ҳамчунон гуфта шуд, хариду фурӯши саҳмияҳои Имон интернешнл” зери назари мақомоти Тоҷикистон сурат гирифт ва хилофкорие дар он рӯй надодааст.

Хариду фурӯши "Имон интернешнл", ки баҳсҳои зиёдро ба миён овардааст, моҳи марти соли 2021 анҷом шуд. Бар асоси он, ширкати Mikro Kapital, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Бонки рушди соҳибкории FMO-и Ҳолланд ба сурати умум 43,5 дарсади саҳмияҳои Imon International-ро, ки дар дасти саҳоми асосии он -- Фонди хурди қарздиҳии "Имон" буд, ба 5,4 миллион доллар хариданд.

"Имон интернешл" яке аз ниҳодҳои фаъоли қарзӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки соли 2005 аз сӯйи Гулбаҳор Маҳкамова ва Санавбар Шарифова ташкил шуд. Ҳадафи онҳо аз ибтидо расондани хадамоти молиявӣ ба занони соҳибкор буд.

Ташкилоти "Имон интернешнл" дар солҳои охир ба яке аз иштирокчиёни асосии бозори бонкии Тоҷикистон табдил шуд ва аз сармоягузорони хориҷӣ маблағҳои калони қарзӣ ҷалб кард. Мушкил дар кори "Имон интернешл" соли 2017 оғоз шуд.

Дар он сол Бонки Миллӣ эълон кард, ки дар кори "Имон" ва бонки "Эсхата" камбудҳои зиёд ошкор шудааст. Дар пайи эълони Бонки Миллӣ, роҳбарияти онвақтаи "Эстаха" ва "Имон" аз мақомҳояшон барканор шуданд. Чанде баъд Бонки миллӣ бо судури як қарор фондҳоеро мисли «Имон» уҳдадор кард саҳмияҳошонро фурӯшанд. Ин қарори Бонки миллӣ ба Гулбаҳор Маҳкамова ва Санавбар Шарифова интихоберо ҷуз фурӯхтани саҳмияҳояшон нагузошт.

XS
SM
MD
LG