Пайвандҳои дастрасӣ

Чин аз Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ хавф дорад, Амрико -- аз нуфузи Пекин дар Афғонистон


Вазири корҳои хориҷии Чин бо раиси дафтари сиёсии Толибон. Пекин, 28-уми июли 2021

Пекин гуфтааст, ки Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин, аз ҳайати Толибон хостааст, робитаҳои худро бо Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ қатъ кунад. Рӯзи чаҳоршанбе ҳайати нӯҳнафарии Толибон ба Пекин рафт ва бо мансабдорони баландпояи Чин мулоқот кард.

Ҷониби Чин мегӯяд, вазири корҳои хориҷии он кишвар аз Толибон хостааст, Ҳаракати исломии Туркистони шарқиро саркӯб кунад. Ба гуфтаи коршиносон, дархости ахири Толибон аз Чин, ки бо мусалмонони ӯйғур бархӯрди дуруст кунад, Пекинро водошт, бо Толибон аз наздик бубинад.

Тибқи гузоришҳо, Толибон ба Чин ваъда додаанд, ки ҳаргиз ба ин гурӯҳ иҷоза нахоҳанд дод, бо истифода аз хоки Афғонистон ба Чин зиён бирасонанд. Бар асоси эъломияи Толибон, ду тараф роҷеъ ба масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии Афғонистону Чин ва низ раванди сулҳ суҳбат кардаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон мегӯяд, боздиди ҳайати нӯҳнафарии Толибон бо раҳбарии Мулло Абдулғанӣ Бародар аз Чин, ба хотири баррасии ин нигарониҳо сурат гирифтааст. Ҳомид Таҳзиб, муовини сухангӯи Вазорати корҳоии хориҷии Афғонистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, "масъалаи сафари ҳайати Толибон ба Ҷумҳурии мардумии Чин қаблан бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар миён гузошта шуда буд. Ҳадаф аз ин даъват ин аст, то Чин нигарониҳояшро дар бораи вазъияти амниятӣ, вуҷуди ҷангҷӯён ва террористони хориҷӣ дар канори Толибон дар Афғонистон иброз кунад."

Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши ахири худ гуфт, ки садҳо узви Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ дар Бадахшон ҷобаҷо шудаанд. Аксари ноҳия ё вулусволҳои ин вилоят дар ҳафтаҳои охир ба дасти Толибон афтоданд. Қисми зиёди марзи Афғонистон бо Чин ва низ Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар дасти Толибон қарор доштааст.

Пекин нигарон аст, ки ҷанҷӯёни ӯйғур аз тариқи Афғонистон ба минтақаи Шинҷон нуфуз кунанд. Созмонҳои ҳуқуқи башар ва чандин кишвари ғарбӣ Чинро муттаҳам мекунанд, ки садҳо ҳазор нафар аз мусалмонони ӯйғурро ба таври маҷбурӣ дар марказҳои бозомӯзӣ нигаҳ медорад ва ҳуқуқи асосии онҳоро поймол мекунад. Аммо Чин ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, барои пешгирӣ аз паҳншавии андешаҳои ифротӣ онҳоро дар паноҳгоҳҳои омӯзишӣ нигаҳ медорад.

Бо вуҷуди робитаҳои дар ҳоли рушди Чин ва Толибон, Пекин ҳукумати Афғонистон бо раҳбарии Ашраф Ғанро ба расмият мешиносад ва бо мақомоти афғон дар бахши назорат аз фаъолияти ҷангҷӯёни ӯғйур дар Афғонистон кор мекунад.

Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Амрико Энтони Блинкен дар мулоқот бо ҳамтои ҳиндии худ дар Деҳлӣ аз сафари ҳайати Толибон ба Пекин ва афзоиши нуфузи Чин дар Афғонистон ва минтақа нигаронӣ кардааст.

Блинкен бо вуҷуди ин ки мақомҳои Чин ду рӯз қабл дар мулоқот бо муовини вай Венди Шерман мувофиқа карданд, ки дар масъалаи Афғонистон бо Вашингтон ҳамкорӣ кунанд, ин нигарониро иброз дошт.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG