Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сангандозии ҷонибдорону мухолифони ҳукумати барканоршудаи Тунис


Қайс Саид, президенти Тунис (аз рост) дар паи интихоботи соли 2019 сари кор омад
Қайс Саид, президенти Тунис (аз рост) дар паи интихоботи соли 2019 сари кор омад

Тунисиҳое, ки аз гурӯҳҳои рақиби сиёсӣ ҷонибдорӣ мекунанд, баъди бо қарори президент Қайс Саид ба истеъфо фиристода шудани ҳукумат ва боздошта шудани кори парлумон, рӯзи 26-уми июл дар назди бинои маҷлис ба сӯи ҳамдигар сангандозӣ карданд. Шоҳидон гуфтанд, ки чандин нафар ҷароҳат бардоштанд. Қарори президентро мунаққидонаш “табаддулоти давлатӣ” номида, дарҳол дар беруни бинои парлумони ин кишвари воқеъ дар Африқои Шимолӣ чандсад нафар таҷаммӯъ карданд. Қайс Саид дар як изҳороти телевизиониаш 25-уми июл гуфт, ҳукумати нахуствазир Ҳишом Машиширо ба истеъфо мефиристад ва худаш раҳбарии иҷроияи ҳукуматро ба ӯҳда мегирад.

Таҳаввулоти ахир дар ҳолест, ки чанд соат пеш аз ин дар саросари кишвар эътирозҳо бо талафи истеъфои ҳукумат ва пароканда шудани парлумон шурӯъ шуд. Саид, ки дар гузашта профессори ҳуқуқи донишгоҳ будааст, гуфт, ки тадбирҳои ҷорикардаи ӯ ба хотири ҳифзи Тунис ва ҳимояти кишвар бар асоси конститутсияи ин давлат гирифта шудааст. Ӯ гуфт, “мо лаҳзаҳои бисёр ҳассосро дар таърихи Тунис пуштисар мекунем, вале ин лаҳзаҳо бисёр хатарнок ҳастанд”. Ба нишони пуштибонӣ аз президент издиҳоми калони мардум ба кӯчаву хиёбонҳои шаҳру манотиқи мухталифи Тунис сарозер шуд. Иқдомҳои ахири Саид ба низоми ҳассоси демократии Тунис як чолиши калоне баъди инқилоби соли 2011 гардид, ки сарчашмаи Баҳори Араб ва эътирозҳо дар саросари Ховари Миёна будааст.

XS
SM
MD
LG