Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷоли ду иқтисоди азими сайёра. "Душмани тахайюлӣ" кист?


Як мансабдори Вазорати корҳои хориҷии Чин дар суҳбат бо намояндаи Департаменти давлатии Амрико гуфтааст, мушкили ҷиддӣ дар муносибати ду кишвар ин аст, ки баъзе амрикоиҳо Пекинро ҳамчун “душмани тахайюлӣ” арзёбӣ мекунанд.

Се Фэн, муовини вазири корҳои хориҷии Чин, рӯзи 26-уми июл дар мулоқот бо Венди Шерман, муовини котиби давлатии Амрико, гуфт, Вашингтон аз Чин “як ҳаюло” сохтааст ва бояд ба чунин бархӯрдаш поён бидиҳад.

Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Чин, ки бар пояи гуфтугӯҳои Шерман ва Фэн нашр шуд, омадааст: “Шояд умед ин аст, ки бо роҳи ҳаюлосозии Чин, Иёлоти Муттаҳида то ҷое Чинро барои мушкилоти сохтории худ гунаҳкор кунад. Аз Амрико тақозо мекунем, ки тафаккури бисёр хато ва ҳам сиёсати хатарзои худро тағйир бидиҳад”.

Вазорати умури хориҷии Чин муносибатҳо бо Амрикоро “дучори бунбаст” ва “пур аз мушкил” хондааст.

Пешгирӣ аз низоъ?

Пеш аз сафари Шерман ба Чин мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Амрико (Департаменти давлатӣ) гуфтанд, ҳадафи суҳбатҳо даст ёфтан ба "сатҳи муайяни рақобатҳо аст, ки корро то ба низоъ накашонад".

Дипломати рақами ду дар Департаменти давлатӣ ҳангоми сафараш ба Пекин бояд бо вазири корҳои хориҷии Чин, Ван И, ҳам мулоқот кунад. Гуфтугӯи онҳо дар минтақаи соҳилии Тианҷин барпо мешавад, ки дар самти ҷануби шарқи Пекин ҷойгир аст.

Шерман мансабдори баландпояи Амрикст, ки аз замони ба сари кор омадани президент Ҷо Байден дар моҳи январи имсол ба Чин рафтааст.

Мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, Вашингтон мехоҳад, бовар ҳосил кунад, ки дар робитаҳои байниҳамдигарӣ меъёрҳои масъулиятшиносӣ риоя шавад. Як мақом гуфтааст: “Ҳар тараф бояд аз рӯи қоидаҳои ҳамсон ва дар сатҳи муайяншуда бозӣ кунад”.

Амрикоиҳо инчунин ба ин андешаанд, ки гуфтугӯҳо барои ба Пекин нишон додани ин ки “рақобати бомасъулият ва солим чӣ гуна буда метавонад” истифода хоҳад шуд.

Аз мавзӯи уйғурҳо то коронавирус

Як рӯз пеш аз сафари мансабдори амрикоӣ ба Чин, вазири корҳои хориҷии ин кишвар, Ван И, Амрикоро дар “бартарихоҳӣ” бо роҳи фишор болои кишварҳои дигар гунаҳкор кард. Ин дар ҳолест, ки солҳои охир равобити байни ду иқтисоди азими сайёра бо сабаби чандин масъала – аз амнияти интернетӣ гирифта, то поймолшавии ҳуқуқи уйғурҳо дар Чин, саркӯби эътирозҳои демократӣ дар Ҳонгконг ва ҳам мушкили таҳқиқи решаҳои пайдо шудани коронавирус – печидатар шудааст.

Интизор меравад, ҳафтаи оянда Ллойд Остин, вазири дифои Амрико ба Сингапур, Ветнам ва Филиппин ва котиби давлатӣ Энтони Блинкен ба Ҳинд раванд. Дар пасманзари ин ки Чин нуфузи Иёлоти Муттаҳидаро дар Осиё ба чолиш кашидааст, фаъолиятҳои афзояндаи дипломатии амрикоиҳо ҳамчун талоши ҳамгироии бештар бо минтақа арзёбӣ мешавад.

Ҳафтаи гузашта дар посух ба таҳримҳои ИМА болои Чин барои саркӯбҳои демократҳо дар Ҳонгконг, Пекин вазири пешини тиҷорати Амрико Вилбур Росс ва чанд шахсу гурӯҳҳоро таҳрим намуд. Ин қарор пас аз он содир шуд, ки дар вокуниш ба мавҷи азими ҳамлаҳои интернетии эҳтимолан чинӣ, Амрико ва муттафиқонаш бо нашри изҳороти муштарак ин ҳамлаҳоро маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG