Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қабули қонуни нави муқобила бо COVID-19 дар Фаронса


Бо вуҷуди эътирозҳо дар Фаронса, қонуни нав қабул шуд
Бо вуҷуди эътирозҳо дар Фаронса, қонуни нав қабул шуд

Порлумони Фаронса қонунеро қабул кард, ки бар асоси он эмкунӣ ба зидди COVID-19 барои ҳама кормандони соҳаи тиб ҳатмӣ шуда, рӯйхати маконҳое, ки бояд бо иҷозати тиббӣ амал кунанд, афзоиш дода мешавад.

Тағйирот ба қонун дар пасманзари эътирозҳои сартосарӣ аз муқаррароти нав қабул карда шуд. Президент Эммануэл Макрон қасд дорад, эмкуниро ба силоҳи асосии зидди COVID-19 табдил диҳад.

Ҳукумати Макрон гуфтааст, чунин чораҳо ба он хотир заруранд, ки қишрҳои осебпазир ҳимоят шаванд ва беморхонаҳо аз ҳад зиёд пур нашаванд.

Ин дар ҳолест, ки Фаронса мисли кишварҳои дигари аврупоӣ бо навъи бисёр сангини “Делта”-и коронавирус дастбагиребон аст. Дар оғози моҳи июл мавридҳои гирифторӣ рӯзона аз 4 ҳазор ба 22 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.

Мақомот дар Олмон гуфтанд, дар сурати дар моҳҳои наздик афзоиш ёфтани шумори гирифторон барои шахсони эмнашуда маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мегардад. Маҳдудиятҳо метавонад аз роҳ надодани чунин нафарон ба тарабхона, кинотеатр ва варзишгоҳҳо иборат шавад.

Амрико ҳам дар талоши ин аст, ки шумори шахсони эмшударо бештар кунад. Доктор Энтони Фаучи, сироятшиноси калони ҳукумати Амрико, дар суҳбат бо CNN гуфт, чунин зарурат ба он хотир аст, ки афроди эмнашуда вазъи кишварро бо мушкилоти бештар рӯ ба рӯ накунанд.

XS
SM
MD
LG