Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба зидди президенти пешини Қирғизистон парвандаи нав боз карданд


Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон.
Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон.

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба ташкили беназмиҳои оммавӣ дар шаҳри Бишкек, дар моҳи октябри соли 2020, гумонбар мешавад.

Ба иттилои тафтишот, Отамбоев ба маҳзи ин ки дар моҳи октябри соли 2020 аз боздоштгоҳ раҳо шуд, талоши ғасби қудратро кардааст. Аз рӯи моддаи мазкур ӯро то 10 сол зиндон таҳдид мекунад. Ин шашумин парвандаи ҷиноӣ ба зидди президенти пешин аст.

Тафтишот мегӯяд, Отамбоев бо сарвазири пешини он кишвар Омурбек Бабанов ва мансабдорони дигари баландпоя забон як карда, "миёни тарафдоронашон хашму бадбиниро афзоиш додаанд". Ба иттилои тафтишот, ин боис ба занозании гуруҳӣ ва беназмии оммавӣ шудааст.

9-уми октябр - ҳамон рӯзи ҳодисаҳо дар шаҳри Бишкек ҳолати изтирорӣ эълом шуда, қуюди шабгардӣ ҷорӣ гардид ва ба шаҳр техникаи низомӣ ворид шуд. Отамбоев 10-уми октябр боздошт шуд.

Отамбоев солҳои 2011-2017 президенти Қирғизистон буд. Вай моҳи июни соли 2020 дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани як маҳбус ба 10 сол зиндон маҳкум шуд. 30-юми ноябри соли 2020 Додгоҳи олии Қирғизистон ҳукми зинаҳои поёниро бекор ва парвандаро ба баррасии иловагӣ фиристод.

Нисбат ба Отамбоев чанд парвандаи дигар, аз ҷумла ташкили беназмиҳои оммавӣ, хушунат нисбат ба корманди мақомоти давлатӣ, фасодкорӣ ва ғайра боз шудааст.

XS
SM
MD
LG