Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозигии ҳазорҳо нафар дар Аврупо ба зидди қоидаҳои пешгирӣ аз вирус


Даҳҳо ҳазор кас дар кӯчаҳои чанд шаҳри Аврупо алайҳи қоидаҳои эмкунӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус эътироз карданд.

Тазоҳуроти калонтарин дар Фаронса баргузор шуд. Дар онҷо тақрибан 160 ҳазор кас иштирок карданд. Онҳо ба зидди лоиҳаи қонуне раҳпаймоӣ карданд, ки барои ворид шудан ба тарабхона ва ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ «гузарнома» мепурсад. Мардум ҳамзамон аз эмкунии ҳатмии ҳамаи кормандони тиб норозиянд.

Эътирозҳо асосан осоишта буданд, аммо дар Порис (Париж) касе аз издиҳом бо шиори "Озодӣ!" ба сӯи як корманди полис курсӣ партофт. Полис дар ҷавоб аз обпошҳо истифода кард.

Тарҳе, ки дар Фаронса алайҳи он эътироз карданд, барои боздид аз осорхонаву кинотеатрҳо ва маконҳои сайёҳӣ, аз ҷумла тарабхонаҳо «гузарнома» талаб мекунад. Яъне, одамон бояд ё эм карда шаванд, ё озмоиши манфӣ нишон дошта бошанд ва ё исбот кунанд, ки аз COVID-19 сиҳат ёфтаанд.

Ҳазорон эътирозгар инчунин дар Рум ва шаҳрҳои дигари Итолиё ҷамъ омада, алайҳи қарори ҳукумат дар бораи талаб кардани "гузарнома" барои дастрасӣ ба варзишгоҳҳо, кинотеатрҳо ва ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ эътироз намуданд.

XS
SM
MD
LG