Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занҳо, пирон, фаъолон... 33 қурбонии "ҳамлаҳои ҳадафмандона" дар Қандаҳор


Вилояти Қандаҳор
Вилояти Қандаҳор

Як созмони ҳомии ҳуқуқи башар мегӯяд, тайи ҳафтаҳои охир дар "ҳамлаҳои ҳадафмандона" дар вилояти Қандаҳори Афғонистон 33 ғайринизомӣ кушта шуданд.

Кумисюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон гуфт, ҳамлаҳо дар ноҳияҳои зери назорати Толибон ва ҳам дар минтақаҳои таҳти итоати ҳукумат сурат гирифтанд.

"Тибқи гузоришҳое, ки мо ҷамъ овардем, дар умум 33 нафар, аз ҷумла ду зан, дар куштори ҳадафмандона дар саросари Қандаҳор (аз 24-уми июн то 6-уми июл) ҷони худро аз даст доданд", -- гуфт сухангӯи Кумисюн Забеҳуллоҳ Фарҳанг рӯзи 25-уми июл ба Радиои Озодӣ.

Фарҳанг гуфт, ки кормандони ҳукумати маҳаллӣ, рӯзноманигорон, фаъолон, пирони қабила ва шахсиятҳои мазҳабӣ дар “ҳамлаҳои ҳадафмандона” кушта мешаванд.

Гурӯҳи ҳуқуқи башар аз "ҳамлаҳои даҳшатбор ба шахсоне, ки дар ҷанг иштирок надоранд", изҳори нигаронӣ карда, аз ҳукумату гурӯҳи мусаллаҳ даъват кард, ки "мардуми осоиштаро муҳофизат кунанд".

Вай афзуд, ҳеч гурӯҳе масъулияти кушторро ба дӯш нагирифтааст. Дар давоми ҳамлаҳои ҳадафмандона дар саросари Афғонистон дар соли гузашта даҳҳо фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносон, рӯзноманигорон ва дигарон кушта шуданд.

Ҳукумат дар ин ҳамлаҳо Толибонро гунаҳкор карда, аммо натиҷаҳои тафтишоти худро дар бораи кушторҳо ошкор накардаанд.

XS
SM
MD
LG