Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонандагони тоҷик дар озмуни байналмилалӣ аз риёзӣ ҷоиза гирифтаанд. ВИДЕО


Аз бойгонӣ
Аз бойгонӣ

Як гурӯҳи шашнафарии хонандагон аз Тоҷикистон дар олимпиадаи байналмилалии риёзидонҳо иштирок карда, се медал гирифтаанд. Озмун аз 19 то 24-уми июл фосилавӣ баргузор шуд.

Панҷ нафар аз ин хонандагон муҳассилони бахши гимназияи "Ҳотам ва ПВ" дар шаҳри Ҳисор ва як нафар аз Литсейи рақами яки шаҳри Душанбе буданд. Юсуф Ҳотамов, мудири намояндагии гимназияи "Ҳотам ва ПВ" дар Ҳисор, рӯзи 25-уми июл гуфт, "дар натиҷа 3 шогирди мо – Вазирҷон Пиров, Ҷамшед Рустамов ва Усмоналӣ Паҳлавонов – медалҳои биринҷии олимпиадаро соҳиб шуданд."

Ба иттилои ӯ, шогирди дигари гимназия, Темур Усмонов, бо Ифтихорномаи махсус қадрдонӣ шуда, "Рауфҷон Дадабоев бо сабаби беморӣ дар ҷараёни озмун натавонист натиҷаҳои мусбат ба даст биёрад." Дар ин озмун намояндагони 112 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд. Хонандагони тоҷик мақом ё ҷойгоҳи 59-умро ҳифз кардаанд.

Тоҷикистон дар раддабандии сифати таълими математика ва илмҳои дақиқ дар миёни 137 кишвари дунё дар ҷойи 74-ум аст, ҷойгоҳе дар канори Ямайка ва Мадагаскар. Ин раддабандиро Форуми Ҷаҳонии Иқтисодӣ таҳия кардааст, ки таълими босифати риёзиёт ё математикаро ҷузъе аз тавоноии иқтисодии кишварҳои ҷаҳон мешуморад.

Донишмандон дар Тоҷикистон мегӯянд, то ба сатҳи як кишвари африқоӣ поин рафтани сатҳи таълими риёзиёт нигаронкунанда аст ва ба ояндаи иқтисоди кишвар зарба хоҳад зад.

Навор аз бойгонӣ. Гапи Озод: Математика ё шеър?

Гапи Озод: "Математика ва ё шеър?"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:23:45 0:00
XS
SM
MD
LG