Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден ба Ашраф Ғанӣ итминон дод, ки кӯмакҳои низомиву башарии ИМА идома меёбанд


Ҷо Байден раисҷумҳури ИМА бо Ашраф Ғанӣ президенти Афғонистон телефонӣ суҳбат карда, таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида ёриҳои башардӯстона ва ҳимоят аз рушди Афғонистонро идома медиҳад.

Дар як изҳороте рӯзи 23-уми июл Кохи Сафед гуфт, президент Байден инчунин ӯҳдадории Амрикоро барои идомаи пуштибонии нерӯҳои амниятии Афғонистон барои дифоъ аз худ, тасдиқ кард.

Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки Байден ва Ғанӣ ҳамлаҳои Толибонро, ки даъво доранд муноқишаро аз роҳи музокирот ҳал карданиянд, мухолифи гуфтаҳояшон хонданд.

Тайи чанд ҳафтаи охир ҷангиёни Толибон зимни хуруҷи нерӯҳои байналмилалии таҳти раҳбарии ИМА қаламравҳои зиёди Афғонистонро таҳти назорати худ оварда, нигарониҳо аз суқути ҳукумати Афғонистонро бештар карданд.

Суҳайл Шоҳин, сухангӯи Толибон рӯзи 23-юми июл дар суҳбат бо оҷонсии Associated Press гуфт, ки ҷангиён силоҳҳои худро замоне ба замин хоҳанд гузошт, ки ҳукумати Ашраф Ғанӣ аз байн равад ва дар Кобул ҳукумате, ки ҳама ҷонибҳоро қонеъ месозад, сари кор ояд.

Қаблан Ҷейн Псаки сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ки Байден ва маъмурияти ӯ аз раҳбарияти мардуми Афғонистон, аз ҷумла Ашраф Ғанӣ пуштибонӣ мекунанд. Дар ин суҳбат Байден ва Ғанӣ рӯи аҳамияти ваҳдати афғонҳо таъкид карданд, ки барои ҳимоят аз сулҳ, амният ва манофеи умумимиллӣ зарур аст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG