Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоқаев, Макрон, Имрон Хон... Телефонҳои чандин сарони давлат дар ҷаҳон рахна шудааст. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як таҳқиқот маълум кардааст, ки ҷосусон телефони президентҳоро ҳам гӯш мекардаанд.

Дар миёни 50 ҳазор рақами телефоне, ки аз махзани маълумоти нармафзори ҷосусии Pegasus-и ширкати исроилӣ фош шуд, хабарнигорон телефони президентҳо ва сиёсатмадронро ёфтанд. Бовар меравад, ин нармафзор телефонҳои ҳушмандро рахна карда, аксу видео ва гуфтугӯҳоро ба ҷосусон додааст.

Пас аз он ки маълум шуд, даҳҳо сарони кишварҳои ҷаҳон ва раисҷумҳурони собиқ ҳадафи нармафзори Pegasus шудаанд, таъсири таҳқиқоти журналистӣ амиқтар мешавад.

  • Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса,
  • Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон,
  • Имрон Хон, нахуствазири Покистон дар шумори 14 сарони кунунӣ ва собиқи кишварҳои ҷаҳон қарор доранд, ки эҳтимол ҳадафи барномаи ҷосусии ширкати NSO Group қарор гирифтаанд. Ин нуктаро таҳқиқоти муштараки Amnesty International ва 17 расонаи ҷаҳонӣ ошкор кард.
  • Сирил Рамафоса, раисҷумҳури Африқои Ҷанубӣ,
  • Барҳам Солеҳ аз Ироқ ва
  • Муҳаммади VI, шоҳи Марокаш, дар феҳристи шахсоне ҳастанд, ки ҳадафи ҳамлаи ҷосусӣ қарор гирифтаанд. Дар ин бора аз ҷумла нашрияи Washington Post гузориш дод.

Агнес Клламард, роҳбари Amnesty International, дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Твиттер навишт, “кайҳо боз медонистем, ки телефонҳои фаъолон ва рӯзноманигорон ҳадафи ин нармафзори рахнагар ҳастанд. Ҳатто сиёсатмадорони сатҳи боло ҳам наметавонанд, аз паҳншавии даҳшатбори нармафзори ҷосусии NSO эмин бошад.”

Шумораи телефонҳои сарони кишварҳои ҷаҳон дар миёни 50 ҳазор рақами телефоние пайдо шуданд, ки бовар меравад муштариёни ширкати NSO Group аз соли 2016 инҷониб ба онҳо таваҷҷуҳ доштаанд.

Махзани маълумот, иборат аз 50 ҳазор рақами телефонро шахси номаълум ба созмони Amnesty International ва ташкилоти ғайритиҷоратии Forbidden Stories фош кард. Ин созмонҳо дар навбати худ маълумотро бо расонаҳои ҷаҳонӣ дар миён гузоштанд, ки рӯзи 18-уми июл таҳқиқоти муштараки худро нашр намуданд.

Тавре аз таҳқиқот бармеояд, натанҳо як қатор режимҳои худкома, балки ҳукуматҳои демократӣ низ аз нармафзори ҷосусии Pegasus NSO group истифода бурда, телефонҳои ҳушманди рӯзноманигорон, мансабдорон ва фаъолони ҳуқуқро дар саросари ҷаҳон рахна кардаанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Телефонҳои чандин раҳбари давлат рахна шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00

XS
SM
MD
LG