Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири пешини молияи Тоҷикистон дар 62-солагӣ даргузашт


Абдусалом Қурбониён
Абдусалом Қурбониён

Абдусалом Қурбониён, вазири пешини молияи Тоҷикистон, дар 62-солагӣ даргузашт. Дар ин бора Вазорати молияи Тоҷикистон дар саҳифаи расмияш дар “Фейсбук” хабар дод, вале сабаби марги ӯро нагуфт.

Аз моҳи ноябри соли 2013 то соли 2018 вазири молияи Тоҷикистон буд. Ӯро моҳи январи соли 2018, баъд аз як рӯзи ҷаласаи солонаи ҳукумат, бо баҳонаи "гузаштан ба кори дигар" барканор карданд.

Абдусалом Қурбониён дар ҷаласаи рӯзи 18-уми январи соли 2018 барои қарзи маош дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо ва истифодаи ғайриҳадафмандонаи пули буҷет танқид шунида буд.

Ӯ то омадан ба мансаби вазири молия ҳамчун мудири Директсияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон фаъолият дошт.

XS
SM
MD
LG