Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишқобод ба таъқиби дигарандешон идома медиҳад


Эътирози фаъолони туркман дар Ню-Йорк. Акс аз соли 2020
Эътирози фаъолони туркман дар Ню-Йорк. Акс аз соли 2020

Мақомоти Туркманистон модари панҷ фарзандро таҳдид кардаанд, ки бо бародараш, ки дар Туркия кору зиндагӣ дорад, суҳбат накунад.

Мардон Ҷораев, шаҳрванди 34-солаи Туркманистон, ки дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Истанбули Туркия кор мекунад, чанд моҳ пеш дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Тик-Ток ба танқиди сиёсатҳои ҳукумат ва раҳбари кишвари худ оғоз кард.

Рӯзи 20-уми апрел хоҳари ӯ Азиза Ҳамроева, ки дар Туркманобод зиндагӣ мекунад, ба Идораи хадамоти коммуналӣ даъват шуда, дар онҷо шахсони ношинос дар либоси мулкӣ вайро таҳдид карданд. Онҳо ба Ҳамроева видеои суханронии Ҷораевро нишон дода, гуфтаанд, ӯ бояд коре кунад, ки бародараш баромадҳои "зиддиҳукуматӣ"-ро қатъ кунад.

Азиза Ҳамроева, ки модари панҷ фарзанд аст, 4-уми майи имсол дубора таҳдид шунидааст. Намояндагони мақомот ӯро таҳдид кардаанд, ки "ҳамаи хонаводашонро хоини давлат эълом ва фарзандонашонро аз мактабу боғчаҳо пеш хоҳанд кард".

Ҳамроева моҳи гузашта баъд аз шунидани таҳдиди севум ба бародараш занг зада, гуфтааст, дигар наметавонад бо ӯ суҳбат кунад, зеро таҳти фишори мақомот қарор дорад.

Мақомоти Туркманистон хабарҳоро дар бораи фишор ба фаъолону дигарандешон ва наздикони онҳо шарҳ намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG