Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷефф Безос, марди сарватмандтарини дунё, ба кайҳон парвоз кард


Навори парвози мушак ба таври мустақим дар Ютюб нишон дода шуд
Навори парвози мушак ба таври мустақим дар Ютюб нишон дода шуд

Ширкати хусусии амрикоии Blue Origin бори аввал дар таърихи фаъолияти худ ба кайҳон одам фиристод. Мушаки "Ню Шепард" аз майдони хусусие дар Техаси Ғарбӣ чаҳор кайҳоннавардро ба фазо бурд.

Навори парвози мушак ба таври мустақим дар Ютюб нишон дода шуд.

Дар дохили киштии кайҳонӣ марди сарватмандтарини дунё, соҳиби ширкати Blue Origin ва асосгузори мағозаи интернетии Amazon Ҷефф Безос буд. Дороии вай аз сӯи маҷаллаи Forbes бештар аз 200 миллиард доллар баҳо дода мешавад.

Ҳамроҳ бо Безос Уоллӣ Франки 82-сола низ буд. Вай соли 1961 барои парвоз ба кайҳон интихоб шуда буд, аммо он замон натавонист, парвоз кунад. Франк шахси кӯҳансолтарин аст, ки ба кайҳон парвоз мекунад.

Оливер Деймени 18-сола яке аз дигар ҳамроҳони Безос буд. Вай ҷавонтарин шахсест, ки ба кайҳон рафт. Мусофири чаҳоруми киштии кайҳонӣ бародари Безос - Марк Безос буд.

Капсула ё қисмати мусофирнишини киштӣ баъд аз 10 дақиқаву 20 сонияи парвоз ба замин баргашт.

XS
SM
MD
LG