Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ё ҷарима, ё зиндон. Боздошт ва муҳокимаи як сокини Исфара дар Қирғизистон. ВИДЕО


Саидмурод Ишанов якуми майи имсол дастгир шудааст

Пас аз муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар охири моҳи апрел, рӯзи якуми май як сокини шаҳри Исфара аз ҷониби Қирғизистон бо гумони убури ғайриқонунии сарҳад боздошт шуда, дар боздоштгоҳи кишвари ҳамсоя ба сар мебарад.

Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара, дар нишасти хабариаш гуфт, ки ӯ сокини 50-солаи ҷамоати Чилгазӣ, Саидмурод Ишанов, аст.

Баҳоваддин Баҳодурзода
Баҳоваддин Баҳодурзода
"Сокини ҷамоати Чилгазӣ ҳоло дар ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад. Рӯзҳои наздик қарори додгоҳи ин давлат нисбат ба ӯ қабул мешавад. Мо гуфтушунид дорем ва ин шаҳрвандро озод мекунем. Вай ғайриқонунӣ сарҳадро убур кардааст", -- шарҳ дод раиси Исфара.

Рӯзи 19-уми июл, вақте ба хавлии Саидмурод Ишанов рафтем, пайвандонаш дар ин бора нахостанд видеоӣ сӯҳбат кунанд, вале дар суҳбати ҳузурӣ гуфтанд, аввали ҳамин моҳ нисбат ба ӯ ҳукми додгоҳ бароварда шуд. Нусхаи ҳукм ба пайвандонаш дода нашудааст. Саидмурод Ишанов дар суҳбати телефонӣ ба наздиконаш гуфтааст, бояд ё 55 ҳазор сомонӣ ҷарима супорад ё як сол зиндонӣ шавад.

Наздиконаш мегӯянд, ӯ бо мардикорӣ рӯз мегузаронд ва тавони супоридани чунин маблағро надорад ва бинобар ин маҷбур аст, то адои ҳукм онҷо нишинад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Боздошт ва ҳукми шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Вале дар ҳамин ҳол аз идораи ҷамоати Чилгазӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бо мақомоти маҳаллии вилояти Бодканд дар тамос ҳастанд ва бо эълон шудани афв қарор аст ӯро ба зодгоҳаш баргардонанд.

Саидмурод Ишанов рӯзи якуми майи ҳамин сол дар наздикии маҳаллаи Дӯстии деҳаи Боғистони шаҳри Исфара, ки бо деҳаи Равоти ҷамоати Қаробоғи вилояти Бодканд ҳамсарҳад аст, боздошт гардидааст.

Қаблан Қобилҷон Азимов, бародари Саидмурод Ишанов, дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ӯ аз деҳаи Чилгазӣ ба деҳаи марзии Боғистон ба дидани кӯдаки навзодаш рафт, аммо шаҳрвандони мулкии қирғиз ӯро боздошт карда, ба пулиси ин кишвар супурдаанд.

Назари расмии ҷониби Қирғизистон ба ин қазия маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, бахши қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 16-уми июл гузориш дод, ки мақомоти Тоҷикистон як шаҳрванди Қирғизистонро бо гуноҳи ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳад ба панҷ сол зиндон маҳкум кардаанд. Ба иттилои манбаъ, Ойбек Маҳмудови 35-сола ҳамроҳи се нафари дигар дар оғози моҳи апрел дар ҳудуди ноҳияи Лахш, Ҷиргатоли собиқ, дастир шуда буд.

Боздошти сокини ҷамоати деҳоти Чилгазии Исфара аз суйи мақомоти пулиси кишвари ҳамсоя дар ҳолест, ки Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба оғози ҷанги 28-29-уми апрел гунаҳкор мекунанд.

Бино ба иттилои мақомоти Тоҷикистон дар ин муноқиша 19 нафар кушта, 87 каси дигар захмӣ шуданд. Қирғизистон аз кушта шудани 36 нафар ва маҷруҳ шудани 189 нафар дар ин даргириҳо хабар медиҳад.

Дарозии марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 970-980 километрро ташкил медиҳад, ки аз он то имрӯз танҳо 519 километр муайян ва нишонагузорӣ шудаасту бас.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG