Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халилзод барои ҳалли баҳси Кобулу Исломбод рафтааст


Залмай Халилзод
Залмай Халилзод

Фиристодаи хоси Амрико дар умури Афғонистон, Залмай Халилзод, рӯзи 19-уми июл бо раҳбарони сиёсиву низомии Покистон равобити сарди Кобулу Исломободро баррасӣ кард. Ӯ бо сарвазири Покистон Имрон Хон ва раҳбарони идораи кашфи низомӣ дидору гуфтугӯ дошт.

Рӯзи душанбе президенти Афғонистон, Ашраф Ғанӣ, тамоми дипломатҳои афғонро аз Покистон фаро хонд.

Ин вазъ пас аз он пеш омад, ки рӯзи 17-уми июл Силсила Алихел, духтари сафари Афғонистон дар Покистон ҳангоми ҳаракат дар самти хонааш дар шаҳри Исломобод муддате рабуда шуда, аз тарафи гурӯҳи номаълум мавриди шиканҷа қарор гирифта буд.

Вазорати корҳои хориҷии Покистон мегӯяд, духтари сафир дар шифохона аст ва таҳқиқи ҳаматарафаи қазия ҷараён дорад.

XS
SM
MD
LG