Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтиёти Русия аз мусулмонон хост, зидди коронавирус эм кунанд


Яке аз марказҳои ваксиназанӣ дар Маскав, июли 2021
Яке аз марказҳои ваксиназанӣ дар Маскав, июли 2021

Идораи муфтиёти Русия барои мусулмонҳое, ки аз гирифтани ваксинаи зидди коронавирус худдорӣ мекунанд, фатво содир кард. Хабаргузории РИА Новости бо такя ба фатво навишт, “паҳн кардани хабарҳои дурӯғ дар мавриди таркиби ваксинаву оқибатҳои моякӯбӣ ва ҳамчунин бидуни сабабе саркашӣ кардан аз эмгирӣ ғайриқобили қабул аст.” Муфтиёти Русия ба ҳамаи мусулмонон тавсия додааст, ки бо истифода аз пешниҳоди ройгони ваксина ҳатман худ ва наздиконашонро эм кунанд. Ғайр аз ин дар фатвои муфтиёт мусулмонони Русия ба эҳтиёткорӣ ва риояи талаботи беҳдоштӣ ҳангоми таҷлили иди Қурбон даъват шудаанд.

XS
SM
MD
LG