Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаводаҳои низомиёни туркманро аз марз бо Афғонистон ба ҷойи дигар мекӯчонанд


Марзи Туркманистон бо Афғонистон.
Марзи Туркманистон бо Афғонистон.

Дар пайи бадшавии вазъи шимоли Афғонистон, ки бо Туркманистон ҳаммарз аст, низомиёни туркман омодагии ҷангиашонро бештар мекунанд.

Дар ин робита, низомиён ва мақомдорони дигари вилояти Марии (Марв) Туркманистон хонаводаҳояшон ба минтақаҳои дигар кӯч додаанд.

Мақомоти Туркманистон ҳамзамон ба марз неруи бештар интиқол медиҳанд.

"Низомиён ва кормандони ниҳодҳои қудратӣ хонаводаҳояшонро ба ҷойҳои дигар кӯч медиҳанд. Ин боиси сару садоҳо миёни сокинони маҳаллӣ шудааст",-гуфт як сокини вилояти Марӣ.

Пештар аз ин ҳукумати Туркманистон намояндагони ҳаракати "Толибон"-ро барои гуфтугӯ ба Ишқобод даъват карда буд.

XS
SM
MD
LG