Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти тоҷик ва қирғиз дар Бишкек санад имзо карданд


Рӯзи 17-уми июл мақомоти тоҷик ва қирғиз дар Бишкек санад имзо карданд
Рӯзи 17-уми июл мақомоти тоҷик ва қирғиз дар Бишкек санад имзо карданд

Як гурӯҳи корӣ аз Тоҷикистон, ки панҷ рӯз дар Бишкек қарор доштаанд, бо ҳамтоёни қирғизи худ санад имзо кардаанд.

Мавзуи гуфтугӯ ҳали мушкилот дар марзи ду кишвар будааст, вале ҷонибҳо ҷузъиёти санади имзошударо шарҳ намедиҳанд.

Хабаргузории давлатии “Ховар” хабар дод, ки гурӯҳи кории топографии Тоҷикистон аз рӯзи 12-уми июл то 17-уми июл дар Бишкек қарор дошт.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки вохӯрии навбатӣ дар Тоҷикистон баргузор шавад. Ба навиштаи “Ховар”, “вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.”

Мақомоти қирғиз низ шарҳ надодаанд, ки дар ин панҷ рӯз кадом масъала баррасӣ шуд. Дар дафтари сарвазири Қирғизитон низ вохӯриро дӯстона номидаанд.

Таъкиди ҷонибҳо бар сари ибораи “вохӯрии дӯстона” дар ҳолест, ки пас аз муноқишаи рӯзҳои 28-29-уми апрел дар марзи ду кишвар муносибати Тоҷикистону Қирғизистон ба сардӣ гароид.

Дар ин муноқиша беш аз 50 нафар аз ду тараф кушта шуд ва беш аз дусад нафар маҷрӯҳ шуданд. Ҷонибҳо ҳамдигарро барои сар задани низоъ айбдор карданд.

XS
SM
MD
LG