Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе хонаеро намоиш доданд, ки ба соҳибаш хабар мекашад. ВИДЕО


Дар Душанбе “Хонаи ҳушманд"-ро намоиш доданд
Дар Душанбе “Хонаи ҳушманд"-ро намоиш доданд

Дар як ҳамоиш дар Душанбе “Хонаи ҳушманд"-ро намоиш доданд, ки тариқи телефон, ноутбук ё планшет идора мешавад ва аз ҳодисаҳои мисли сӯхтор ё камбуд дар шабакаи барқи хона худаш ба соҳибаш хабар медиҳад.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Дар Тоҷикистон хонаеро намоиш доданд, ки ба соҳибаш хабар мекашад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:56 0:00

Сӯҳроб Шоҳназаров, намояндаи ширкати “Хонаи ҳушманд”, ки ин хонаро муаррифӣ кард, гуфт, таҷҳизот дар ин хона ба шакле насб мешавад, ки аксари он ба таври худкор, бо фармони соҳибаш кор мекунанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, субҳ имкон дорад, ки аз ҷой нахеста, бо чойҷӯш фармон диҳӣ ва он обро ҷушонад. Инчунин, ба гуфтаи соҳиби “Хонаи ҳушманд”, тирезаҳо ҳам бо садо кардан имкон дорад, боз шаванд ва чароғу телевизор хомуш ё фаъол шаванд.

Дар “Ҳафтаи технологӣ” дар Душанбе на танҳо "Хонаи ҳушманд", балки лулаҳои обгузари ғайримуқаррарӣ, тарҳи биноҳои нав, сохтмони 50 ошёна, низоми марказии ҳавополоӣ, қолаби биноҳову, тарҳи нимпайкараҳо ва низоми онлайнии назоратӣ барои хонаву корхона намоиш дода шуд.

Ҳабиб Баҳриддинов, яке аз ташкилкунандагони “Ҳафтаи технологӣ” гуфт, ки дар ин ҳамоиш зиёда аз 30 ширкати калони сохтмонӣ, дизайнерӣ ва он шахсоне, ки маҳсулот барои ҳамин соҳа пешниҳод мекунанд, ширкат карданд.​

Баҳрулло Раҷабалиев, намояндаи ширкати “Термодинамика”, ки дар ин ҳамоиш иштирок дошт, гуфт, пештар шабакаҳои ҳавополоӣ барои биноҳои бузург аз хориҷи кишвар ворид мешуд, вале ҳоло истеҳсоли онро дар дохил ба роҳ мондаанд. “Дар ин самт, ман гумон мекунам, ки мо яке аз аввалинҳо мешавем.”,--гуфт ӯ.

На ҳама аз ин намоишгоҳ розӣ берун рафтанд. Қадриддин Қобилов, сокини Душанбе гуфт, чизи ҷолибе барои худ дар ин намоишгоҳ надид. “Дар намоишгоҳ ман он қадар чизе ҳам надидам, аммо ба назари ман ҳамаи ширкатҳое, ки иштирок доранд, чизҳои намунавӣ пешкаш карданд.”,--гуфт ӯ.​

Намоишгоҳи фановариҳои меъморӣ дар Тоҷикистон, бори нахуст баргузор гардид ва дар он ширкатҳои меъморӣ аз чор кишвар – Русия, Озарбойҷон, Узбекистон ва Тоҷикистон намунаҳои кори худро пешкаш намуданд.

XS
SM
MD
LG