Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги Толибон бо нерӯҳои давлатӣ барои назорати марзи Покистон


Толибон дар марзи Покистон
Толибон дар марзи Покистон

Нерӯҳои низомии Афғонистон барои дубора ба даст овардани назорати комили гузаргоҳи Спин-Болдак дар марзи ин кишвар бо Покистон амалиёт анҷом медиҳанд.

Аксари ин минтақа рӯзи 14-уми июл ба тасарруфи Толибон даромад.

Бархе аз мақомоти Афғонистон мегӯянд, Толибон назорати ин минтақаро бо кӯмаки Покистон ба даст дароварданд.

Ин гузаргоҳ ба он хотир пураҳамият дониста мешавад, ки он Афғонистонро ба вилояти Балуҷистони Покистон мепайвандад. Дар ин вилоят раҳбарони Толибон зиндагӣ мекунанд. Назорати роҳ ба онҳо имкон медиҳад, ки бемушкил бо ҷангиёни худ робита кунанд.

Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон дар як нишаст дар Тошканд аз Покистон хост, ки аз нуфузи худ болои Толибон ба фоидаи сулҳ дар Афғонистон истифода кунад. Ӯ гуфт, ки 10 ҳазор ҷангҷӯи Толибон аз Покистон вориди Афғонистон шудаанд ва ин кишвар ба онҳо кӯмак кардааст.

Ҷанг миёни Толибон ва нерӯҳои давлатӣ дар Афғонистон дар ду моҳи ахир афзоиш ёфтааст. Нерӯҳои ИМА, ки давоми 20 сол ба низомиёни афғон кӯмак мекарданд, то як моҳи дигар пурра Афғонистонро тарк мекунанд. Вазъи Афғонистон нигаронии кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистонро ба бор овардааст.

XS
SM
MD
LG