Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон сокинон дандонҳои тилои худро мекананд. ВИДЕО


Дандони тило

Аксари сокинон дар Тоҷикистон, ки чанд сол пеш ҳамчун мӯд дандони тило насб карда буданд, ҳоло дандонҳои худро иваз мекунанд.

Дандони тило, ки як замон ифтихори аксари сокинон буд, ҳоло дигар шарм шудааст ва сокинон ба ҷойи он, ба истилоҳ "дандони садафӣ", ки шабеҳи дандони маъмулии инсон аст, насб мекунанд.

То панҷ соли пеш насби дандони тило дар Тоҷикистон зиёд буд. Расм шуда буд, ки аксари духтарон қабл аз издивоҷ, ҳатто дандонҳои солими худро канда, ба ҷояшон дандони тило насб мекарданд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Дандони тило аз мӯд баромад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар як ҷаласаи ҳукуматӣ дандони тилоро танқид кард ва расонаҳо давлатӣ пайваста аз зиёни он гузориш доданд. Дар Тоҷикистон, ки низоми яккаҳокимиятӣ ҷорӣ аст, хостаи президент ба ҳар роҳи мумкину номумкин амалӣ мешавад. Пас аз ин, муассисаҳои давлатӣ ба кормандонашон ташвиқ карданд, ки дигар дандони тило надошта бошанд ва дар интихоби кормандон низ ба онҳое бартарӣ дода шуд, ки дандони тило надоранд.

Тарғиботи расонаҳои давлатӣ ба ҳаде буд, ки ҳоло дигар дандонпизишкон муштарии ҳаводори дандони тило надоранд.

Дар Маркази вилоятии дандонпизишкӣ дар Кӯлоб, ки то чанд соли пеш садҳо нафар барои насби дандони тило навбат меистоданд, дар як соли ахир танҳо як нафар барои тармими дандонҳои тило муроҷиат кардааст.

Ҳусейн Донёров, сардори ин Марказ гуфт, касе барои насби дандони тило дар як соли ахир муроҷиат накардааст ва танҳо як муштарӣ дандони тилоашро, ки шикоф буд, дар маркази онҳо тармим кардааст.

Ҷомешиносон мегуфтанд, ки насби дандони тило бештар аз рӯйи ҳавою ҳавас ва ба хотири доро нишон додани соҳиби чунин дандон аст. Ҳоло дигар доштани дандони тило барои соҳибаш обрӯ намеорад.

Рухшона, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, дар чанд корхонаи бонуфуз ба хотири доштани дандони тило ӯро ба кор қабул накарданд. Ӯ дандони тилоро ба "дандони садафӣ", мисли дандонҳои табии худаш иваз кард. “Ҳар ҷое кор мекардам, аз пушти дандони тилло дигар хел нигоҳ мекарданд. Дар як меҳмонхонаи бонуфуз шартнома кардам, аз пушти дандон ба кор қабул нашудам. Баъд хулоса кардам, ки дандонамро иваз кунам.”,--гуфт ӯ.

Ба ҷуз аз интиқоди президент, зоҳиран бархурди ғайримаъмулӣ ба дандони тило дар Русия, ки ҳазорон тоҷик он ҷо кор мекунад, насби дандони тилоро кам кард. Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, бархурди русҳо ба соҳибони дандонҳои тило таҳқиромез буд.

Ҳусейн Донёров, дандонпизишкӣ тоҷик, ки садҳо дандони тилоро ба дандонҳои маъмулӣ иваз кардааст, мегӯяд, воқеан пас аз бозгашт аз муҳоҷират муҳоҷирон талош мекунанд, ки дигар дандони тило надошта бошанд.

Ивази дандони тило, ки пас аз суҳбати президент маҷбурӣ шурӯъ шуда буд, ҳоло ба як раванди ихтиёрӣ табдил ёфтааст. Дигар дандонҳои ҷилодори сокинон дар хиёбонҳо низ камтар ба назар мерасад.

XS
SM
MD
LG