Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири маориф баҳси маршировкаро "хасакӣ" хонд, вале на ҳама розист. ВИДЕО


Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба танқидҳои ахир дар бораи маршировкаи донишҷӯён посух дод ва баҳсҳои атрофи ин мавзӯъро “як чизи хасакӣ” номид. Аммо мунтақидон мегӯянд, на баҳси маршировка, балки посухи вазир ба мавзуъ “хасакӣ буд.” Даҳҳо донишҷӯйи донишгоҳҳои муқими Душанбе ин шабу рӯз барои таҷлил аз 30-солагии истиқлолият дар роҳпаймоиҳо машқ мекунанд ва ин кор боиси вокунишҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст.

“Гӯё дар Тоҷикистон дигар мушкилот набошад”

Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маориф рӯзи 16-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар бораи маршировка он қадар баҳсе ба миён омадааст, ки “гӯё дар Тоҷикистон ягон мушкилоти дигар набошад.”

“Ин қадар мушкиле, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аст, касе намешунавад. Бачаҳо омада машқ мекунад мераванд, пагоҳӣ мераванд футбол бозӣ мекунанд. Пеши роҳи ӯро ҳам бигирем? Як машқи ҷисмонӣ аст, на ба дарс, на ба низоми таълим халал намерасонад, берун аз дарс аст. Ба сатҳи маърифати мову шумо ҳамин чиз мувофиқ нест”,- гуфт Имомзода.

Рӯзноманигор: Ҷавоби вазир хасакӣ буд

Бархе намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба андешаи вазири маориф розӣ нестанд ва мегӯянд, мақомот ба масъалаи маршировка бояд ҷиддитар бархурд кунанд.

Гузориши видеоиро инҷо бубинед:

Вазири маориф аз "маршировка"-и донишҷӯёни тоҷик ҳимоят кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва аз мунтақидони маъракаи маршировка мегӯяд, вазир натавонист ба баҳсҳои атрофи маршировка як посухи ҷиддӣ диҳад ва ин кор “заъфи мақомот аст.”

«Ҳамин масъала чандин муддат аст дар ҷомеа баҳсҳои ҷиддиро ба миён овардааст, баҳсҳои ҳуқуқӣ ҳам пеш омадаанд, аммо мақомот натавонистанд ба ин баҳсҳо бархӯрди муносиб кунанд. Он чизҳои идеологие, ки то ин замон ҳам мегуфтанд, ҳанӯз аз сӯи ҷомеа ҷиддӣ гирифта нашуд. Масъала хеле калон аст ва хасакӣ нест. Ҷавоби вазир метавон гуфт, ки хасакӣ аст»,-гуфт Раҷаби Мирзо.

Ташбеҳи роҳпаймоиҳо ба карнавали амрикои ҷанубӣ

Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маориф рӯзи 16-уми июл дар ҳузури хабарнигорон талош кард, бо овардани далелҳо собит кунад, ки баргузории маршировка ё роҳпаймоиҳои идона барои Тоҷикистон муҳим аст. Вазир барои намуна аз карнавал дар кишварҳои амрикоӣ ҷанубӣ мисол овард, ки дар он даҳҳо нафар ширкат мекунанд.

“Биёед онҳоро ҳам танқид мекунем. Ман бисёр хоҳиш мекунам, ки нисбати ин масъала камтар бошуур, бомаърифат бошед. Ин ихтиёрӣ ва берун аз дарс аст. Як соат аст. Машқи ҷисмонӣ аст. Мо ба ягон роҳи бад ба роҳи ҷиноят ҳидоят накарда истодаем»-, афзуд вазир.

Аммо ҷониби дигар ин далели вазири маорифро ҳам қабул надоранд. Ба гуфтаи рӯзноманигор Раҷаби Мирзо, шеваи баргузории карнавалҳо дар Амрикоӣ ҷанубӣ дигар аст ва онҷо касеро маҷбурӣ ба ин маъракаҳо ҷалб намекунанд.

“Карнавалҳо як чизи озоди хонаводагӣ ҳаст, ки дар онҳо мактабҳо гуфта як оиларо бо хоҳиши худашон ҷалб мекунанд. Ин як маъракаи муҳими миллии онҳо шудааст. Аммо мушкили асосии мақомоти давлатии Тоҷикистон ин аст, ки натавонистанд истиқлолиятро як маъракаи муҳиму ботинии одамон кунанд. Баръакс бархе корҳое мекунанд, ки ин гуна маъракаҳои ватанхоҳонаро дар назари мардум то андозае бад мекунанд,”-афзуд Раҷаби Мирзо.

Вазир: иштирокчиёни маршировка эм гирифтаанд

Як интиқоди дигар аз ҷалби донишҷӯён ба маршировка ин эҳтимоли гирифтор шудани онҳо ба COVID-19 аст. Фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ташкили издиҳом дар шароити пандемияи короновирус хавфнок аст, чун метавонад паҳншавии бемории COVID-19-ро тезонад.

Вазири маориф рӯзи 16-уми июл ба ин масъала ҳам посух дод, ки тамоми иштирокчиёни маршировка ваксина қабул карда истодаанд.

Мақомот дар Тоҷикистон 15 ҳазор донишҷӯйи донишгоҳҳои пойтахтро барои ширкат дар роҳпаймоиҳо ва намоишномаҳои бахшида ба ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон ҷалб кардаанд. Маросим 9-уми сентябри имсол баргузор хоҳад шуд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

XS
SM
MD
LG