Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори Ройтерз дар марзи Афғонистон ва Покистон кушта шуд


Дониш Сиддиқӣ
Дониш Сиддиқӣ

Дониш Сиддиқӣ, хабарнигори Ройтерз ҳангоми бозтоб додани даргирии нерӯҳои давлатии афғон ва ҷангиёни Толибон дар наздикии гузаргоҳи марзӣ бо Покистон кушта шудааст.

Сиддиқӣ ва як афсари баландпояи афғон рӯзи 16-уми июл кушта шуданд. Фармондеҳони афғон гуфтанд, Сиддиқӣ дар пайи оташфишониҳои Толибон, ҳангоми ҷанг барои бозпас гирифтани бозори мавзеи Спин Болдак кушта шуд.

Сиддиқӣ ба ҳайси хабарнигор бо нерӯҳои афғон аз аввали ҳафтаи равон дар вилояти ҷанубии Қандаҳор фаъолият дошт.

Майкл Фриденберг президенти оҷонсии хабарии Ройтерз ва сармуҳаррир Алессандра Галлони дар як изҳорот гуфтанд, "мо фавран маълумоти бештареро ҷустуҷӯ дорем, бо мақомоти минтақа ҳамкорӣ мекунем."

"Дониш рӯзноманигори барҷаста, шавҳар ва падари содиқ ва ҳамкори хеле дӯстдошта буд. Ҳушу ёди мо дар ин лаҳзаи пурдаҳшат бо оилаи ӯ аст",- гуфта мешавад дар изҳорот.

Хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки Сиддиқӣ қабл аз 16-уми июл ҳангоми гузориш додан дар бораи задухӯрд аз хумпораҳо дасташ захмӣ шуда буд. Вақте ки, ҷангиёни Толибон дар Спин-Болдак ақибнишинӣ карданд, ӯро табобат карданд ва сиҳат шуда буд.

Фармондеҳи афғон ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, замоне ки Сиддиқӣ бо дӯкондорон сӯҳбат мекард, Толибон дубора ҳамла карданд. Тафтиши ин иддао аз манобеи мустақил ғайриимкон аст.

Сиддиқӣ бахше аз гурӯҳи аккосони Ройтерз буд, ки барои силсилаксҳояш аз бӯҳрони паноҳандагони Роҳинҷа дар соли 2018 ҷоизаи Пулитсерро гирифта буд.

Сиддиқӣ аз соли 2010 ба ҳайси хабарнигори аксбардори Ройтерз дар ҷангҳои Афғонистон, Ироқ, буҳрони паноҳандагони Роҳинҷа, эҳтирозҳои Ҳонконг ва зилзилаҳои Непалро пӯшиш додааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG