Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастгоҳҳои кории раиси ҳизби мухолифро дар Узбекистон мусодира карданд


Ҳизби нави "Ҳақиқат ва Тараққиёт" талоши сабти ном шуданро дорад
Ҳизби нави "Ҳақиқат ва Тараққиёт" талоши сабти ном шуданро дорад

Хидирназар Оллоҳқулов, раиси ҳизби сотсиал-демократи "Ҳақиқат ва Тараққиёт"-и Узбекистон гуфт, мақомот фишорҳоро ба вай ва ҳамҳизбонаш идома медиҳанд.

Ӯ дар суҳбат бо расонаҳо афзуд, 12-уми июл кормандони Бюрои иҷрои иҷбории ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд бе огоҳӣ ба манзилаш ворид шуда, ҳамаи василаҳои техникӣ - телевизор, мошини ҷомашӯйӣ ва тафдонро бо худ бурдаанд.

Ин дар ҳолест, ки Додгоҳи ноҳияи Юнусобод Оллоҳқуловро рӯзи 4-уми май бар асоси моддаи "Туҳмат"-и кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ айбдор ва наздик ба 470 доллари Амрико ҷарима карда буд.

Мусодираи васоили техникӣ аз манзили вай низ ба ҳамин парванда рабт дорад.

Ба иловаи ин, рӯзи 31-уми май наздик ба 20 шахси ношинос ба Хидирназар Оллоҳқулов дар наздикии манзилаш ҳамла карда буданд.

Рӯзи баъдӣ Оллоҳқулов ба мақомоти шикоят бурд, аммо дертар маълум шуд, ки афроди ҳамлавар нисбат ба Оллоҳқулов ба мақомоти шикоят бурдаанд. Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Тошканд бо моддаи "майдаавбошӣ" нисбат ба раиси ҳизби сотсиал-демократ парвандаи маъмурӣ боз карданд.

Ҳизби нави "Ҳақиқат ва Тараққиёт" талоши сабти ном шуданро дорад. Ин ҳизб мехоҳад, дар интихоботи президентии Узбекистон дар моҳи октябри имсол ширкат кунад.

XS
SM
MD
LG