Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистон рафт


Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16-уми июл ба ноҳияҳои Панҷу Ҳамадонӣ, ҳамсарҳад бо Афғонистон, рафт. Ин сафар дар ҳоле анҷом мегирад, ки тайи ду моҳи охир гурӯҳи Толибон аксар минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистонро ба тасарруфи худ дароварданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон бо афсарону сарбозони қисмҳои марзбонӣ низ мулоқот кард, бо имкону тавоноиҳои онҳо шинос шудааст. Оқои Раҳмон ҳамчунин бо сарбозону нерӯҳои захиравии ҳатти дифои вилояти Хатлон мулоқот дошт.

Ба иттилои манбаъ, раиси ҷумҳур вазъ дар дар вилоятҳои Бадахшону Тахор ва Кундузи Балхи Афғонистонро "мураккаб" хонда, гуфтааст, "ҳимояти сарҳади Тоҷикистон барои амнияти кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва Иттиҳоди Аврупо аҳамияти вижа дорад".

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5-уми июл дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон супориш дода буд, ки 20 ҳазор афсари эҳтиётӣ ба марзи ин кишвар бо Афғонистон фиристода шаванд.

Дар ду моҳи охир ҷанг миёни Толибон ва нерӯҳои давлатӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Толибон даҳҳо ноҳияи ҳаммарз бо Тоҷикистонро тасарруф карданд. Дар як моҳи ахир беш аз ҳазор низомии афғонистонӣ зери фишори Толибон ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, беш аз 900 километри хатти марзи Афғонистон бо Тоҷикистон зери назорати Толибон қарор дорад ва эҳтимол дорад, ки паноҳҷӯёни бештаре вориди ин кишвар шаванд.

Дар гузашта Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Русия ва созмонҳои байнулмилалӣ ба Тоҷикистон дар таҳкими марз ёрии зиёд расондаанд ва низ гуфтаанд, ин кӯмакҳоро идома хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG