Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Жанаозени Қазоқистон ронандагони мошинҳои ёрии таъҷилӣ коршиканӣ карданд


Коршикании ронандаҳои мошинҳои ёрии таъҷилӣ дар Қазоқистон.
Коршикании ронандаҳои мошинҳои ёрии таъҷилӣ дар Қазоқистон.

Даҳҳо ронандаи мошиниҳои ёрии таъҷилӣ дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон бо талаби бештар шудани музди меҳнат корпартоӣ карданд.

Дар коршикань 45 ронанда ширкат дорад. Онҳо гуфтанд, танҳо 7 тан аз ронандагон ба кор баромадаанд.

Мурод Белбоев, яке аз ронандагон гуфт, ки аз соли 2016 ба ин тараф талаби бештар шудани музди меҳнатро доранд.

"Дар 5 сол қимати маҳсулоти ғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ, либос ва ғайра панҷ баробар гарон шуд. Аммо маоши мо дар ҳамон ҳаҷми пешин боқӣ монд. Ман наздики 230 доллар моҳона мегирад. Харҷҳои маро намепӯшонад", - гуфт Мурод Белбоев.

Дар ҳафтаҳои охир дар шаҳри Жанаозен коргарони ширкату корхонаҳои гуногун бо талаби боло бурдани музди меҳнат корпартоӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG