Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен боздошти мусулмонони Шинҷонро дар Чин "наслкушӣ" номид


Энтони Блинкен котиби давлатӣ ё вазири умури хориҷаи Амрико

Энтони Блинкен котиби давлатӣ ё вазири умури хориҷаи Амрико дар бораи наслкушӣ ва бадкориҳо дар Чин, Мянмар, Эфиопия, Ироқ, Сурия ва Судони Ҷанубӣ ба Конгрес гузориш дод.

Ӯ ҳамчунон дар бораи аксуламали ИМА ва чораҳои андешидашуда дар ин робита гуфт."Дар гузориши имсола бори аввал дар бораи бадкориҳо дар кишварҳое чун Мянмар, Эфиопия, Чин ва Сурия ба тафсил маълумот дода шудааст",- гуфт Блинкен. Котиби давлатӣ гуфт, ки Вошингтон вазъи ин кишварҳоро бодиққат назорат мекунад. Дар баёнияи ин вазорат гуфта мешавад, "маъмурияти Байден риояи ҳуқуқи инсонро дар саросари ҷаҳон муҳофизат мекунад ва пешгири аз зулмро асосии амнияти миллӣ мешуморад."

Ҷомеаи ҷаҳонӣ Чинро ба боздошти беш аз як миллион мусалмон (асосан уйғурҳо ва қазоқҳо) дар "урдугоҳҳои бозтарбияи сиёсӣ" дар Шинҷон айбдор мекунад. Пекин ин иттиҳомро рад карда, муассисаҳоро "марказҳои такмили ихтисос" номид, ки дар доираи барномаи мубориза бо терроризм ташкил шудааст. Депортаменти давлатӣ мегӯяд, таъқиби мусулмонон аз сӯи Чин дар Шинҷон, боздоштҳои худсарона, шиканҷа, безуриёткунии маҷбурӣ ва дигар намудҳо иборат аст. Маъмурияти президенти пешини Доналд Трамп ҳам ин сиёсати чиниро "наслкушӣ" номид. Маъмурияти президенти кунунӣ Ҷо Байден аз ин мавқеъ пуштибонӣ карда, бо Канада ва Бритониё изҳороти муштарак содир кард ва таҳримро алайҳи Пекин шадидтар намуд.

Ҳафтаи гузашта парлумони Иттиҳоди Аврупо бо тасвиби як қатънома аз аъзои иттиҳод даъват кард, ки Олимпиадаи Пекин-2022-ро бойкот кунанд. Ин қатънома дар посух ба сиёсатҳои Чин дар Шинҷон қабул шудааст. Гузориши Блинкен дар доираи қонуни Эли Визел, нависандаи яҳуд, ки аз қатли оми машҳур бо номи “Ҳолокост” соли 2019 қабул шуд, таҳия шудааст.

Ин қонун Вошингтонро уҳдадор мекунд, дар бораи кишварҳое, ки дар онҷо наслкушӣ ва бадкориҳи дигар рух додаанд ва ё эҳтимол рух диҳад ва инчунин вокуниши ҳукумати ИМА ба он ба он гузориш диҳад. Ин саввумин гузориш пас аз қабули ин қонун аст.

Эритерия, Эфиопия ва Судони Ҷанубӣ зери заррабин

Дар ин гузориш омадааст, ки маъмурияти Ҷо Байден метавонад алайҳи Эритрея, Эфиопия, Мянмар ва Судони Ҷанубӣ барои куштори қавмӣ таҳрим ҷорӣ кунад. Моҳи феврал дар Мянмар табаддулоти давлатӣ ба амал омад ва низомиён қудратро ба даст гирифтанд. Пушти ин табаддулот онҳое ҳастанд, ки дар қатли мусалмонони Роҳинҷа дар солҳои 2016-2017 даст доштанд. Пас аз табаддулоти давлатӣ, Иёлоти Муттаҳида муҳлати шаҳрвандони то 18 солаи Мянмарро, ки зери назорат ҳимоят қарор доштанд дароз кард ва аз режими Мянмар хост, ки қудратро ба ҳукумати демократӣ интихобшуда баргардонад ва таъқиби эътирозгаронро хотима диҳад. Дар ин санад инчунин аз куштори қавмӣ дар минтақаи Тиграй дар ғарби Эфиопия ёдоварӣ шудааст. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида мақомоти Эритрея ва Эфиопияро дар ин куштор айбдор мекунад.

Дар ин гузориш доир ба вазъи Судони Ҷанубӣ таваҷуҳи хос зоҳир шудааст. Ҳукумати ИМА боварӣ дорад, ки мақомоти Судони Ҷанубӣ одамонро бидуни мурофиаи додгоҳӣ ва тафтишот мекушанд, онҳоро аз рӯи нишонаҳои қавмӣ таъқиб мекунанд, аз зӯроварии ҷинсӣ ва аз гуруснагӣ ҳамчун силоҳи ҷанг истифода мебарад. Дар гузориши худ ба Конгресс, ҳукумати ИМА мегӯяд, ки талошҳо барои ба ҷавобгарӣ кашидани ҷангҷӯёни “Давлати Исломӣ”-ро барои раво дидани ваҳшоният алайҳи ақалиятҳои миллӣ дар Ироқ ва Сурия дастгирӣ мекунад. Дар ин санад гуфта мешавад, ки ИМА президенти Сурия Башор Асад ва ҳукумати ӯро барои хушунат масъул медонад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG