Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 эронӣ дар Амрико ба қасди рабудани рӯзноманигори танқидгар айбдор шуданд


Вазорати адлияи Амрико 13-уми июл бо нашри изҳороте гуфт, чор шаҳрванди Эрон дар Ню-Йорк ба қасди рабудани як рӯзноманигори муқими Амрико, ки мавридҳои нақзи ҳуқуқи башарро аз сӯи ҳукумати Эрон фош мекард, муттаҳам шуданд.

Гумонбарон як афсари хадамоти ҷосусии Эрон ва се узви эҳтимолии як шабакаи иктишофии Эрон мебошанд, ки гуё бо пуштибонии ҳукумати Эрон нақшаи рабудани рӯзноманигорро доштанд.

Вазорати адлия рӯзноманигорро як шаҳрванди ИМА дар Бруклин муаррифӣ кард. Аммо Масеҳ Алинежод, як фаъол ва нависандаи муқими Бруклин тасдиқ кард, ки мақомоти Иёлоти Муттаҳида ба ӯ гуфтанд, ки вай дар қатори қурбониёни ҳадаф қарор гирифтааст ва афзуд, "ӯ дар парванда ҳамчун сокини Амрико сабт шудааст".

Дар ҳукме, ки Додгоҳи федеролии Манҳеттен нашр кард, номи Алиризо Шавароғи Фароҳонии 50-сола, Маҳмуд Хазейни 42-сола, Киё Содиқи 35-сола ва Умед Нурии 45-сола, ки ҳамагӣ аз Эронанд, зикр шудааст.

Тибқи парванда, Фароҳонӣ як корманди хадамоти ҷосусии Эрон аст ва се нафари дигар ҳамчун "доираҳои хадамоти ҷосусии Эрон" тавсиф мешаванд, ки зери назари Фароҳонӣ кор мекарданд. Илова бар иттиҳоми одамрабоӣ, дар парванда инчунин нақзи таҳримҳо, қаллобӣ дар бонкҳо ва пулшӯйӣ низ зикр шудааст. Дар сурати дастгир ва муҷрим шинохта шудан, ин чаҳор нафарро метавонанд ба ҳабси абад маҳкум кунанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG