Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар обхезии Намангон 8 кас ҷон бохтанд


Обхезӣ дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.
Обхезӣ дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Дар натиҷаи обхезӣ дар ноҳияи Касансойи вилояти Намангони Узбекистон 8 кас ҷон бохта, 6 тани дигар маҷруҳ шуданд. Дар ин бора Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон хабар дод.

Дар вазорат гуфтанд, боронҳои шидатноки 13-уми июл дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон боиси обхезӣ шудааст.

Соати 13:35 дақиқаи 13 июл оби дарёи "Касансой" дар ноҳияи Касансойи Узбекистон аз соҳил берун шудааст.

"Таҳқиқи пешакии зарари офат шуруъ шудааст", - хабар доданд дар Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон.

XS
SM
MD
LG