Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Суғд аз камбуди нерӯи барқ шикоят доранд. Масъулон: "Гармӣ ноқилҳоро об мекунад". ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Баъзе аз сокинони шаҳру ноҳияҳо дар Суғд мегӯянд, ҳар рӯзе чанд соат аз барқ маҳруманд. Чунин шикоят аз Ашту Бобоҷон Ғафуров, Зафарободу Деваштич ва Айниву Истаравшан ба дасти мо расид. Вазири энержии Тоҷикистон, Далер Ҷумъа, 12-уми июл камбуди нерӯи барқро тасдиқ карда, онро ба гармии ҳаво ва таъсираш ба зеристгоҳҳои барқӣ рабт дод. Ӯ гуфт, "бо андешидани чораҳои техникӣ масъала то 13-уми июл пурра ҳалли худро меёбад."

Абдураҳим Охунов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мегӯяд, ҳарчанд пули барқро дар вақташ ва бекаму кост месупоранд, дар айёми тобистон низ аз камбуди барқ ранҷ мекашанд. "Интиқоли нерӯи барқ баъзан субҳгоҳӣ ва баъзеи дигар дар нисфирӯзӣ қатъ мешавад", -- афзуд ӯ рӯзи 12-уми июл.

Ҷамшед Авезов, сокини дигари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, гуфт, "тақрибан 8 ё 9 рӯз боз вазъ ҳамин хел аст. Дирӯз соати 11 барқ хомӯш шуд, соати 15 омад."

Бар асоси муроҷиати сокинон, ба ҷуз аз маркази вилояти Суғд маъмулан дар шаҳру ноҳияҳои дигар маҳдудияти барқ ҷараён дорад.

Сокинони шаҳри Истаравшан низ мегӯянд, зуд-зуд шоҳиди бебарқиҳо мешаванд. "Вақте хостам, аз банкомат пул гирам, барқ хомӯш шуд. Пас аз тақрибан ним соат омад, вале на кортамро гирифта метавонам, на маблағро", -- нақл кард сокини шаҳри Истаравшан, Исфандиёр Ҳайитов.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Дар Суғд шарҳ доданд, ки сабаби камбуди барқ чист
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Ин вазъият дар ҳолест, ки сокинон мегӯянд, хомӯш шудани барқ на танҳо онҳоро аз рӯшноӣ, балқи замини киштро аз обу телефонҳои ҳамроҳро аз мавҷ маҳрум мекунад.

Масъулони Идораи шабакаҳои интиқоли барқ дар вилояти Суғд далели маҳдудияти барқро дар ноҳияҳо ба якбора гарм шудани ҳаво ва таъсири он ба кори зеристгоҳҳои барқӣ рабт доданд.

Муҳиддин Аҳмадзода, раиси шабакаҳои интиқоли барқи вилояти Суғд, рӯзи 12-уми июл гуфт, "гармии ҳаво хеле таъсир мекунад. Имрӯзҳо ҳаво то 46 дараҷа гарм шудааст. Таҷҳизот гарм мешавад, симҳо об шуда рехта истодаанд, ноқил аз гармӣ об шуду ба замин рехт. Чунон гарм аст, ки оҳанро об карда истодааст."

Ба гуфтаи масъулон дар сурати поин шудани гармии ҳаво, эҳтимоли мушкили маҳдудияти барқ аз миён равад.

Аксар сокинони Тоҷикистон ҳар сол дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва аввлаи баҳор бинобар яхбандиву камбуди об дар обанборҳо бо "лимит" ё маҳдудият нерӯйи барқ мегиранд. Мақомот мегӯянд, ин вазъи муваққатист, вале иддае аз сокинон онро камбуди чандинсолае мешуморанд, ки бояд ҳарчи зудтар ҳаллу фасл шавад.

XS
SM
MD
LG